Нозирони байналмилалӣ: Интихоботи президентии Тоҷикистон оромона, вале бидуни гуногунандешӣ ва интихоби васеъ гузашт
Душанбе, 7 ноябри соли 2013 – Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр оромона гузашт, аммо маҳдудиятҳо ҳангоми бақайдгирии номзадҳо боиси камбуди гуногунандешӣ ва интихоби васеъ гардид, гуфта мешавад дар баёнияи пешакии нозирони байналмилалӣ, ки имрӯз пахш гардид. Инъикоси мунтазами фаъолияти расмии Президенти феълии кишвар ба ӯ имконияти васеъ фароҳам овард. Ҷиҳати мусбат дар он буд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои ба таври шаффоф идора намудани интихобот чораҳои заруриро андешид. Рӯзи интихобот камбудиҳои зиёд аз ҷониби нозирон мушоҳида гардид.
Дар интихобот шаш номзад, бо шумули Президенти феълии кишвар ба қайд гирифта шуданд. Талаботҳои маҳдудкунанда, аз ҷумла, талаби теъдоди беасоси зиёди имзоҳо оид ба дастгирии номзадҳои эҳтимолӣ монеаҳои назаррасеро ба миён оварданд, ки онҳо мухолифи ӯҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои байналмилалии марбут ба интихоботҳои демократӣ мебошанд, гуфта мешавад дар баёния.
“Хеле мушкил аст аз ҳуқуқҳои худ оид бар интихобот истифода кард, аммо комилан озод будан хам ғайриимкон аст. Интихобот ором гузашт, аммо барои интихоб имконияти васеъ вуҷуд надошт,” мегӯяд Гордана Чомич, ҳамоҳангсози махсуси нозирони кӯтоҳмуддати САҲА “Чуноне ки мо мушоҳида намудем ва аз он истифода бурдан, маънои ӯҳдадориҳои САҲА-ро ба инобат нагирифтанро надорад. Аз мушоҳидаҳои мо маълум гардид, ки интихоби васеъ ва гуногунандешии сиёсӣ ба хотири таъмини ӯҳдадориҳои демократӣ барои Точикистон муҳим аст.”
Дар ин маъракаи интихоботӣ мубоҳисаи сиёсӣ кам ба назар мерасид, ки ин барои чунин маъракаҳои сиёсӣ муҳим аст. Мақомот тарзи истифодаи маблағҳои давлатиро ба таври шаффоф таъмин накард ва гоҳо фарқ байни хукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ дида намешуд.
Телевизион ва радиоҳои давлатӣ дар асоси талаботи қонун барои ҳар як номзад вақти муайяншударо ҷудо намуд, ки онҳо гузоришҳои иттилоотӣ ва барномаҳои алоҳидаи худро пахш намоянд. Аммо пахши васеъ ва мусбати фаъолияти расмии президенти феълӣ аз ҷониби васоити давлатии ахбори омма ба ӯ афзалияти назаррасеро дод.
Илова ба мавҷудияти ниёз ба мубоҳисаҳои сиёсӣ, инчунин ин ҷо ниёз ба баланд бардоштани фаҳмиши ва маълумотнокии овоздиҳандагон оид ба ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботҳои оянда мавҷуд аст,” мегуяд Элизабет Йегел, раҳбари ҳайъати намояндагии Парлумони Аврупо. “Парлумони Аврупо дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Точикистон ва Иттиҳоди Аврупо омодааст ба Точикистон ба хотири дар оянда беҳтар гардонидани демократикунонии кишвар ба нафъи мардум ҳамкорӣ намояд.”
Интихоботи президентӣ дар чаҳорчӯбаи айнан ҳамон қонунгузориҳои пешинаи интихоботи президентии соли 2006 гузаронда шуд, сарфи назар аз тавсияҳои қаблии САҲА/ДИДҲБ, ки ба беҳбуд намудани қонунгузорӣ равона гардида буданд. Норасоиҳои мавҷуда талаботҳои маҳдудкунандаи номзадҳо ва муқаррароти васеъ оид ба ҷабҳаҳои асосии ҷараёни интихобот марбут ба бақайдгирии овозҳо, баргузории чорабиниҳо ва талаботҳои рӯзи интихоботро дар бар мегирад.
Мувофиқи хулосаи нозирон мавҷуд набудани феҳристи марказонидашудаи овоздиҳандагон ба ҳар гуна тафтиши дутарафа ҷиҳати воридсозии чандкарата ба рӯйхати овоздиҳандагон монеа шуд. Ҳарчанд Комиссияи участкавии интихоботӣ ба хотири тартиб додани феҳристи дурусти интихобкунандагон кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, аммо аз сабаби мавҷуд набудани дастуру муқаррароти возеҳ дар ҷараёни интихобот нофаҳмиҳо вуҷуд доштанд.
“Набудани номзадии занҳои ба қайдгирифташуда, ё умуман кам будани занон дар ҳаёти сиёсӣ ва роҳбарии кишвар, суолеро ба миён меорад, ки чӣ қадар қишри сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро занон намояндагӣ мекунанд,” мегӯяд Маргарета Седерфелт, раҳбари ҳайъати намояндагони Ассамблеяи Парлумонии Аврупо. “Ин барои интихоби васеи мардум маҳдудияти ҷиддиеро ба вуҷуд овард,”илова кард ӯ.
Танҳо номзадии як зан пешбарӣ шуда буд, вале аз сабаби маҳдудиятҳои маъмурӣ натавонист имзоҳои лозимаро ҷамъоварӣ кунад, ӯ эълон кард, ки баъзе овоздиҳандагон ҳангоми имзогузорӣ аз фишори ҳукумат тарсиданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки занон дар тамоми сатҳи идораи интихобот дамоми сатҳҳо кам намояндагӣ карданд.
“Давоми шаш ҳафтаи назорат нозирони мо камбудиҳои ҷиддиеро ҳангоми бақайдгирии номзадҳо ва интихобкунандагон, риояи комили қонуни интихобот, намояндагии баробари ҳизбҳои сиёсӣ дар зинаҳои поёнии кумиссияи интихоботиро мушоҳида намуданд,” қайд намуд Параскива Бадеску-раҳбари Миссияи нозирони дарозмуддати САҲА/ДИДҲБ. “Бештари тавсияҳои пешинаи ДИДҲБ амалиношуда боқӣ мемонанд, аммо гузориши ниҳоии Миссияи мо, ки дорои тавсияҳост, имконияти наверо фароҳам меоварад, то ҷараёни баргузоркунии интихобот дар Тоҷикистон беҳтар карда шавад ва ДИДҲБ чун ҳамешагӣ барои мусоидат омода аст.”
Рӯзи интихобот оромона гузашт, вале нозирон қайд карданд, ки камбудиҳо дар якчанд участкаҳои интихоботии аз тарафи нозирон назоратшуда мушоҳида шуд, аз он ҷумла, овоздиҳии васеъ аз ба ҷойи як нафари дигар, овоздиҳӣ ба ҷойи аъзоёни оила, овоздиҳии гурӯҳӣ ва инчунин пур кардани қуттиҳои овоздиҳӣ бо баргаҳои қалбакӣ ба назар мерасиданд. Поймол шудани қоидаҳои қабулшудаи шумориши овозҳо ва дар бисёри қитъаҳо, дар маърази ом нагузоштани натиҷаҳои овоздиҳӣ, ки бар хилофи дастурамалҳои КМИР мебошанд, ба назар мерасиданд.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо шахсони зерин тамос гиред:
Андреас Бейкер, Ассамблеяи парлумонии САҲА, +992 98 78 00 56, andreas@oscepa.dk
Томас Раймер, САҲА/ДИДҲБ, +992 98 78 100 60 or +48 609 522 266, thomas.rymer@odihr.pl
Алисон Вуд, Парлумони Аврупо, +992 93 921 9826, alyson.wood@europarl.europa.eu