Манбаъҳо
Амният аз чӣ маншаъ мегирад
22 январ 2013
“Амният аз чӣ маншаъ мегирад” - навори мухтасарест дар бораи моҳияти амният. Навор аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) омода шудааст.
Амният на танҳо муносибатҳои осоиштаи байни давлатҳо, балки масъалаҳоеро ифода мекунад, ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо таъсир мерасонанд. САҲА дар ҳамаи ҷанбаҳои амният - аз назорати яроқнокшавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва идоранамоии самарабахш то ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои муҳитзистӣ, мубориза алайҳи харидуфурӯши одамон, яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир, масъалаҳои демократикунонӣ, озодии воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи ақаллиятҳо кор мебарад. 57 давлатҳои аъзоро дар Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё муттаҳид намуда, САҲА бонуфузтарин созмони минтақавии амният мебошад, ки баҳри таъминнамоии сулҳ, демократия ва субот барои беш аз як миллиард нафар одамон кӯшиш ба харҷ медиҳад.