Дафтари САҲА дар Тоҷикистон устодонро барои гузаронидани курсҳои омўзишӣ оид ба мубориза бо коррупсия дар омўзишгоҳҳои Қўшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тайер менамояд
ДУШАНБЕ, 17 декабри соли 2010 – Курси омўзишии якњафтаина барои омода намудани устодон дар соњаи баланд бардоштани сатњи огоњї бо коррупсия ва мубориза ба он, ки барои устодони омўзишгоњњои сарњадї ва маќомоти њифзи њуќуќи Тољикистон гузаронида шуда буд, имрўз дар Душанбе хотима ефт.
Шонздањ нафар омўзгорон ва афсарон аз якчанд маќомоти сарњадї дар ин курс иштирок карданд.
Иштирокчиён чи тавр гузаронидани курси омўзиширо барои баланд бардоштани сатњи огоњї бо коррупсия ва мубориза бо он, ки бо дастгирии САЊА тарњрезї шуда буд, омўхтанд. Ин курс усулњои интерактивии ба донишљў нигаронидашударо истифода карда, аз он чумла омода намудан ва гузаронидани дарсњоро аз тарафи худи иштирокчиён дарбар мегирад.
«Ба воситаи пурзур гардонидани имкониятхои марказњои омўзишї дар такмили дониши афсарони оянда ва баланд бардоштани сатњи огоњї бо коррупсия, ин курс яке аз мушкилињои асосии сохторњои сарњадї ва маќомоти њифзи њуќуќи Тољикистонро барраси мекунад. Омўзиш ва баланд бардоштани сатњи огоњї унсурњои асосї дар мубориза бо коррупсия мебошанд», ќайд намуд сафир Ивар Викки, Роњбари Дафтари САЊА дар Тољикистон.
Иштирокчии курс, подполковник Собиров Идибек аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ЉТ, илова намуд: «Иштироки фаъолонаи намояндагони ташкилотњои гуногуни омўзишї нишон медињад, ки ин ташкилотњо зарурати бурдани кори якљояро дар мубориза бо тањдидњои муштарак њамчун коррупсия дарк менамоянд. Яке аз роњњои ноил гаштан ба њамкории бењтар гузаронидани чунин тренингњои байниидорави ва хамчунин тарњрезии муштараки барномаи таълимї хастанд.»
Ин курс аз чониби мутахассис-коршинос оид ба масоили мубориза бо коррупсияи Хадамоти давлатии сарњадии Вазорати корњои дохилии Литва гузаронида шуд.