Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид сафари худро ба Тоҷикистон анҷом дод
ДУШАНБЕ, 8 июни соли 2022 – Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид сафари дурӯзаашро ба Тоҷикистонро анҷом дод.
Дабири кулл зимни сафараш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини Раиси парлумони Тоҷикистон ва раиси Иттиҳоди занони парлумон Дилрабо Мансури, инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кард.
Дабири кулл дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо САҲА ва дигар ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Вай инчунин форуми пеш аз конфронси «Анҷумани занон оид ба масоили об: баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ – об моро муттаҳид мекунад»-ро ифтитоҳ намуд.
«Зиёда аз 150 дарё ва кӯлҳо дар ду ё зиёда кишвари узви САҲА ҷойгиранд. Аз ин рӯ, ҳамкории минтақавӣ оид ба идоракунии устувори захираҳои обӣ муҳим аст. Ман аз роҳбарии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ миннатдорам. САҲА омода аст ҳамкориҳои худро дар ин замина боз ҳам таҳким бахшад», гуфт Шмид дар Конфронси сатҳи баланд оид ба об. «САҲА инчунин таҷрибаи тӯлонии такмили ихтисоси занони дар бахши об фаъолияткунанда, масалан бо Шабакаи машваратии занон барои мутахассисони соҳаи об дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро дорад», - афзуд ӯ.
Дабири кулл дар мулоқотҳои дуҷонибаи худ ҳамкориҳои САҲА ва Тоҷикистон бахусус ба шарофати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо таъкид кард. «Мо дастгирии худро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳем, то дар рафъи як қатор мушкилоте, ки аз бесуботӣ дар Афғонистон маншаъ мегиранд, кӯмак расонем. Мо дар самти идоракунии сарҳад, аз ҷумла тавассути таъмини омӯзиш дар Коллеҷи САҲА барои кормандони роҳбарикунандаи сарҳадӣ дар Душанбе ҳамкорӣ дорем».
Дабири кулли САҲА ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот кард. «Ҳамкории мо бо созмонҳои ҷамъиятӣ асоси кори мост. Мубориза бо хариду фурӯши одамон ва зӯроварии хонаводагӣ - ду мушкилот, ки мутаассифона дар саросари ҷаҳон дар давраи пандемияи КОВИД-19 афзоиш ёфтааст - аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мо мебошанд. Мо инчунин ба тавсеаи имконоти ҷавонон қатъиян омодаем», гуфт ӯ.
Шмид бо кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи САҲА барои кормандони роҳбарикунандаи сарҳадӣ мулоқот намуда, садоқат ва кордонии онҳоро баҳои баланд дод.
Сафир Вук Жугич, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Мо аз ташрифи Дабири кулл хеле хушҳолем ва тавонистем як қатор фаъолиятҳои мушаххаси худро, ки ба ҳамкории судманди Тоҷикистон ва САҲА мусоидат мекунанд, муаррифӣ кунем».