САҲА семинари минтақавиро оид ба пешгирии истеъмол ва паҳншавии маводи мухаддир байни ҷавонон дар Осиёи Марказӣ баргузор кард
Зиёда аз 40 коршинос ва ҷонибҳои манфиатдор аз саросари Осиёи Марказӣ дар семинари минтақавӣ ҷамъ омаданд, ки ба ҳалли мушкилоти афзояндаи истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои нави психоактивӣ (МНП-NPS) дар байни ҷавонон нигаронида шудаанд. Семинар, ки рӯзҳои 2 ва 3 октябр баргузор шуд, аз ҷониби Котиботи САҲА, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ва Барномаи Аврупо алайҳи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил (EU-ACT 2) ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ мутахассисони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, сиёсатмадорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
«Омор боиси нигаронист. Тибқи Гузориши охирини ҷаҳонӣ оид ба маводи мухаддир, дар саросари ҷаҳон 292 миллион нафар аз маводи мухаддир истифода мебаранд, аммо танҳо аз ҳар 11 нафари гирифтори бемории нашъамандӣ танҳо як нафари онҳо муолиҷаи заруриро мегиранд. Дар паси ин рақамҳо ҳаёти воқеӣ аст - оилаҳое, ки бо ин бӯҳрон абадан тағйир ёфтанд», - гуфт Мақсудҷон Дулиев, Роҳбари Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии ифтитоҳии худ.
Ӯ зарурати фаврии рафъи таҳдиди афзояндаи моддаҳои нави психоактивиро таъкид карда, қайд кард, ки танҳо дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон 566 моддаҳои гуногун муайян карда шуданд, ки 44-тои онҳо нав буданд.
Сафир Вилли Кемпел, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе низ ба ин нигарониҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, зарурати ҷиддии ҳамкориҳои минтақавиро бинобар тавлиди анъанавии маводи мухаддир ва масирҳои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистони ҳамсоя таъкид кард. Ӯ ҳамчунин аҳамияти идомаи корҳо барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар солҳои ояндаро таъкид кард.
Мигел де Доминго, Мудири Шӯъбаи амният, сулҳ ва рушди Фонди байналмилалӣ ва иберо-амрикоӣ оид ба маъмурият ва сиёсати ҷамъиятӣ (Fundación Internacional y para Iberoamérica de Administración y Politicas Públicas (FIIAPP), илова намуд: «Паҳншавии босуръати моддаҳои нави психоактивӣ таҳдиди ҷиддӣ ва афзоянда ба саломатии ҷомеа мебошад, бахусус дар байни чавонони Осиёи Миёна». Ӯ нақши платформаҳои рақамиро дар паҳнкунии моддаҳои нави психоактивӣ таъкид кард ва ба андешидани тадбирҳои қавитари мониторингӣ даъват кард.
Дар давоми чорабинӣ иштирокчиён дар қатори дигар мавзӯъҳо ба тамоюлҳои охирини қочоқи маводи мухаддир, омилҳои хавф барои истифодаи МНП ва аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар ба роҳ мондани системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва стратегияҳои вокуниши фавриро баррасӣ карданд. Дар семинар инчунин аҳамияти барномаҳои пешгирикунанда дар асоси далелҳо, ки барои ҷавонон таҳия шудаанд, омӯхта шуд. Он бо таъкид ба зарурати талошҳои муштарак ва ҳамкорӣ барои рафъи таҳдиди МНП ва дигар маводи мухаддири ғайриқонунӣ, ва ҳифзи ҷавонон дар саросари Осиёи Марказӣ анҷом ёфт.