САҲА барои афсарони ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи криптоасъор ва даркнет (darknet) омӯзиш гузаронд
Аз 16 то 20 октябр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Департаменти таҳдидҳои фаромиллии САҲА ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии муқаддимавӣ оид ба криптоасъор ва таҳқиқоти даркнет (шабакаи пинҳонӣ) баргузор карданд.
Дар курси таълимии аз ҷониби ду коршиноси байналмилалӣ аз Гурҷистон ва Украина гузаронидашуда 18 намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД ва Прокуратураи генералӣ иштирок намуданд.
Дар қисми аввали курс иштирокчиён бо мафҳумҳои блокчейн (blockchain-тарзҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли ҳифзшудаи маълумот) ва криптоасъор шинос шуданд ва ба онҳо имкон дода шуд, ки дар профилсозӣ, пайгирӣ ва мусодираи криптоасъор машқ кунанд. Дар қисми дуюми курс иштирокчиён дар бораи фаъолияти шабакаи (браузери) Tor, ки ба ҷинояткорон дар пешгирии ошкоршавӣ дар шабака кӯмак мерасонад, ва даркнет маълумот гирифтанд. Онҳо инчунин хусусиятҳои манзараи ҷиноятии даркнет ва усулҳои гузаронидани ҷустуҷӯ ва тафтишот дар даркнетро баррасӣ карданд.
«Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар солҳои охир манзараи ҷиноиро тағйир дод. Криптоасъор ва даркнет намунаҳои асосии ин тамоюл мебошанд. Фаҳмидани моҳияти он, ки ин технологияҳо чӣ гуна истифода мешаванд ва чӣ гуна онҳо метавонанд ба фаъолияти ҷиноӣ мусоидат кунанд, барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бештар пайдо мекунад», гуфт Муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ зимни ифтитоҳи курс.
Курси мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи ғайрибуҷетии «Таҳкими зарфият оид ба мубориза бо киберҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби ИМА, Олмон ва Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд.
Ин дуввумин чорабинии таълимии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аввалин курси таълимӣ оид ба киберҷинояткорӣ ва далелҳои рақамӣ дар моҳи июн барои ҳамон гурӯҳи иштирокчиён баргузор шуда, курси сеюм ба аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.