Занону мардони ҷавон аз Осиёи Марказӣ дар Модели САҲА дар Истамбул таҷрибаи дипломатиро омӯхтанд
Аз 25 то 29 сентябри соли 2023, 25 нафар мутахассисони ҷавон аз Осиёи Марказӣ имкон пайдо карданд, ки дар бораи САҲА маълумот гиранд ва бо таҷрибаи доир намудани гуфтушунидҳои дипломатӣ тавассути гузаронидани ҷаласаҳои тақлидии Шӯрои доимии САҲА дар чаҳорчӯби чорабинии “Модели САҲА 2023” шинос шаванд.
Чорабинии панҷрӯза 12 зан ва 13 мардро аз табақаҳои гуногун ҷамъ овард, ки ҳама ба усули ҳалли бисёрҷонибаи масъалаҳо ва амният таваҷҷӯҳи зиёд доштанд.
Сахобахон Ҷӯраева, иштирокчӣ аз Тоҷикистон гуфт: «Ин чорабиниҳо, бахусус барои ҷавонони Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо, ҳамчун як минбари ҳамдигарфаҳмӣ хизмат мекунанд. Онҳо инчунин имкониятҳои шабакасозӣ ва рушди шахсӣ, қобилияти таконбахши тағйирот гаштан ва ба даст овардани ғояҳо ва донишҳои тоза дар соҳаҳои гуногунро фароҳам меоранд,” афзуд ӯ.
Ба иштирокчиён дар бораи миёнаравӣ ва мусоидат ба муколама, малакаҳо ва стратегияҳои бурдани музокирот, ба инобат гирифтани ҷанбаҳои гендерӣ, масъалаҳои ҷавонон ва амният ва равандҳои қабули қарорҳо дар САҲА маълумот дода шуд. Чорабинӣ аз ҷаласаҳои назариявӣ, машқҳои интерактивии ташаккули маҳорат, сӯҳбатҳои панелӣ, лексияҳо, семинарҳо иборат буда, бо тақлидкунии ҷаласаи Шӯрои доимӣ ҷамъбаст гардид, ки дар он иштирокчиён нақши вакилони кишварҳои узви САҲА-ро ба ӯҳда гирифта, дар самти ҳалли вазъияти бӯҳронӣ кор карданд. Дар ҷараёни тақлид кардани нақшҳои намояндагони давлатҳои иштирокдор, ширкаткунандагон гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро барои ҳалли масъалаи муҳим бо қабули қарор дар асоси созиш анҷом доданд.
«Нақши ҷавонон дар бехатарии ояндаи Аврупо ва берун аз он ҳалкунанда аст. Онҳо бо афкори тозаи худ, таҷрибаи технологӣ ва дарки амиқи чолишҳои муосир саҳм мегузоранд”, - гуфт Эмил Азикаев, иштирокчӣ аз Ӯзбекистон.
25 нафар ҷавонон ҳамчунин бо сенатор Фараҳ Каримӣ, узви Ассамблеяи парлумонии САҲА ва намояндаи махсус дар Осиёи Марказӣ нақши усулҳои чандҷониба, дипломатияи байналмилалӣ ва пешвоии сиёсиро баррасӣ карданд. Бархе аз мавзӯҳои калидии ин нишаст нақши САҲА дар пешбурди амният ва муколама дар минтақа, мусоҳиба дар бораи мусоидати баробарии гендерӣ ба амният ва дар бораи он ки сиёсатмадор будан чӣ маъно дорад, иборат буд.
«Ман аз он шодам, ки дар чорабинии САҲА дар Истанбул бо иштирокчиёни ҷавон, боистеъдод ва манфиатманд аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳузур дорам. Нерӯ ва эътиқоди онҳо ба усули ҳалли бисёрҷонибаи масъалаҳо воқеан илҳомбахш аст!” гуфт сенатор Фарах Каримӣ.
Ин чорабинии Модели САҲА барои Осиёи Марказӣ як қадаме дар самти шомил шудани ҷавонон ба кори Созмон мебошад. Ҳамаи иштирокчиёни ҳавасманд даъват карда мешаванд, ки ба «махзани коршиносони ҷавон», ки ба наздикӣ бо мақсади таъмини ҳамкории доимӣ бо ҷавонон таъсис дода шуд, ҳамроҳ шаванд. Ин иқдом ба САҲА имкон медиҳад, ки садо ва афкори ҷавононро дар кори ҳаррӯзаи худ беҳтар ворид кунад.
Иштирокчиёни ҷавон инчунин имкони мубодилаи афкорро бо Намояндаи махсус оид ба корҳои ҷавонон Мемет Жаку доштанд, ки дар рӯзи аввал дар Модели САҲА ширкат варзид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари Дабири кулли САҲА дар ҳамкории зич бо намояндагиҳои САҲА дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шуд, ки бори аввал ин панҷ намояндагӣ якчоя бо Котибот чорабинии муштараки Модели САҲА барои Осиёи Марказиро доир намуданд.
Чорабинии панҷрӯза дар Истанбул дуввумин аз силсилаи чорабиниҳои “Модели САҲА” мебошад, ки дар сатҳи миллӣ, зерминтақавӣ ва минтақавӣ баргузор мешаванд. Чорабинии аввалини силсила таваҷҷӯҳи минтақавӣ ба Аврупои Ғарбиро дошт, ки барои иштирок дар он 26 мутахассисони ҷавон моҳи июни соли 2023 ба Вена даъват шуда буданд. Дар соли 2024 чорабинии сеюм бо таваҷҷӯҳи минтақавӣ ба Балканҳои Ғарбӣ ба нақша гирифта шудааст.