Зарурати ҳамкории зич ва риояи ҳуқуқи инсон ҳангоми муқовимат ба терроризм дар конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд таъкид карда шуд
ДУШАНБЕ, 4 майи соли 2018 – Муттаҳид намудани кӯшишҳои муқовимат ба ифратгароии хушунатомез ва тундгароӣ дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мадди назари конфронси сатҳи баланди дурӯза буд, ки имрӯз дар Душанбе ба анҷом расидааст. Конфронси таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо САҲА, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид.
Дар конфронс вазирони корҳои хориҷии Давлатҳои узв аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, аз ҷумла масъулини боломақоми дигар кишварҳо, аз ҷумла намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, пажуҳишгоҳҳо ва намояндагиҳои дипломатии маскуни Тоҷикистон ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо қабул намудани Эъломия аз ҷониби кишварҳои иштироккунандаи конфронс ба фарҷом расид.
Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Шӯъбаи таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА ва Маркази пешгирии низоъҳо ҷиҳати расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доир намудани чорабинии мазкур ҳамкории зич намудааст.
Дар сухани ифтитоҳии худ Дабири кулли САҲА Томас Гремингер қайд намуд, ки САҲА муносибати мувозинро ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва тундгароӣ мепазирад, ки мувозинатро байни тадбирҳои қонунии амниятӣ ва таъмини риояи пурраи ҳуқуқи инсонро таъмин менамояд. «Танҳо тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқ бе андешидани тадбирҳои параллелии ба пешгирии онҳо нигаронидашуда терроризм ва ифротгароии хушунатомезро мағлуб сохта наметавонанд. Сиёсати ғайримуназами муқовимат ба терроризм метавонад қишрҳои аҳолиро аз давлат дур созад, ки ин метавонад боиси тундгаро ва хушунатомезшавии онҳо гардад», - гуфт Гремингер. Ӯ афзуд, ки барои ба муваффақият ноил шудан «чунин кӯшишҳои пешгирикунанда бояд ба муносибати умумидавлатӣ бо истифода аз нерӯи кулли ҷомеа асос ёбанд».
Дар ин робита, бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Тоҷикистон дар минтақаҳо Шӯроҳои ҷамъиятиро таъсис додааст, то таъсири мутақобилаи милитсия ва ҷомеаро дар сатҳи маҳаллӣ таъмин карда ва ҳамкории байни онҳоро тақвият диҳад.
Дар робита ба кӯмак ба кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез, Роҳбари Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе Туула Юрёля қайд намуд: «Фаҳмидани сабаби хоҳиши ба ифротгароии хушунатомез рӯ овардани одамон ва ба ҳамин тариқ андешидани тадбирҳои босамартарин барои ҳал намудан ва коҳиш додани мушкилоте заруранд, ки онҳоро ба ин самт ҳидоят менамоянд».
Илова бар фаъолияти пешгирӣ намудани ифротгароии хушунатомез ва тундгароӣ, САҲА кӯмаки худро ба густариши ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои марбути терроризм идома медиҳад. Созмон ҳамчунин кӯшишҳои пешгирии маблағгузории терроризм, муқовиматнамоӣ ба истифодаи Интернет бо ҳадафҳои террористӣ, ҳифзи муҳимтарин инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми тафтишоти парвандаҳои марбути терроризмро дастгирӣ менамояд.
САҲА минбаъд низ ба ҳамкорони худ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ коршиносии худро дар таҳия намудани тадбирҳои ҳамаҷониба, бо риояи ҳуқуқи инсон ва ҳамоҳангшудаи зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез пешниҳод менамояд.