САҲА Ҷаласаи Шӯрои ҳавзаи дарёи Кофарниҳонро барои пешбурди татбиқи стратегияи миллии об дастгирӣ кард
25 апрели соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи 6-уми Шӯрои ҳавзаи дарёи Кофарниҳонро баргузор намуд. Дар ин нишаст 44 нафар мутахассисон аз сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, Шабакаи мутахассисони ҷавони соҳаи об, аз ҷумла 14 зан ширкат варзиданд.
Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 - як чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи ояндадор, ки барои роҳнамоии идоракунии устувори об дар мувофиқа бо ҳадафҳои дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинӣ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нуктаи дигари муҳим ин ҷорӣ намудани методологияи нави таҳияи нақшаҳои идоракунии захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо буд, ки ба беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии стратегӣ бо ҳавзаҳои мушаххаси дарёҳо нигаронида шудааст.
Дар вохӯрӣ инчунин мушкилоти мубрами минтақаи Кофарниҳони поён баррасӣ карда шуд, ки дар он иштирокчиён масъалаҳои асосии идоракунии обро муайян намуда, роҳҳои ҳалли амалишаванда ва огоҳонаро пешниҳод карданд. Дар муаррифии Форуми занони ҳавзаи дарёи Кофарниҳон таваҷҷӯҳи махсус ба нақши муҳими занон ва аҳамияти усулҳои баназаргирандаи масоили гендерӣ дар идоракунии устувори об зоҳир карда шуд.