Хабарҳо
САҲА ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳо ва таҷҳизоти ёрии таъҷилӣ тақдим намуд
11 апрел 2025
(аз тарафи чап ба рост) генерал-майор Азизуллозода Сафиало, Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Мирослав Миложевич, Мушовири умури полиси Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, дар маросими тақдими мошинҳо ва таҷҳизоти ёрии таъҷилӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 11 апрели соли 2015. (САҲА/Атоҷон Салибоев) Суратро кушодан
11 апрели соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мошини ёрии таъҷилӣ ва панҷ маҷмӯи таҷҳизотро расман тақдим намуд.
Ин хайрия кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро барои пешбурди ислоҳоти дохилӣ ва таҳкими хадамоти милитсия дастгирӣ мекунад. Хусусан, мошинҳои ёрии таъҷилӣ иқтидори Хадамоти тиббии Вазоратро барои расонидани ёрии таъҷилӣ ба кормандони милитсия ва интиқолдиҳии таъҷилии тиббии онҳо дар маҳал афзоиш медиҳанд.
Панҷ маҷмӯи таҷҳизот дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии милитсия», ки аз ҷониби Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар панҷ минтақаи кишвар доир мегардад, ҳамчун ҷоиза тақдим карда мешаванд.