САҲА Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар беҳтар кардани идоракунии минтақаҳои муҳофизатшаванда бо истифода аз барномаи SMART дастгирӣ кард
Аз 21 то 23 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе машғулияти омӯзишии серӯзаро доир намуд, ки ба татбиқи системаи SMART (Асбоби мониторинг ва ҳисоботдиҳии фазоӣ) - технологияи муҳими баланд бардоштани кӯшишҳои ҳифзи табиат дар минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда нигаронида шудааст.
Чорабинӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор карда шуд, тақрибан 24 иштирокчӣ, аз ҷумла 3 зан ва 21 мард, аз панҷ минтақаи муҳофизатшаванда: Боғи миллии Помир, Мамнӯъгоҳи биосферии Ромит, Мамнӯъгоҳи давлатии “Бешаи палангон”, Мамнӯъгоҳи давлатии табиати Зоркӯл ва Боғи таърихии табиати Ширкент, инчунин намояндагони Кумита ва ҷомеаи шаҳрвандиро гирд овард.
Омӯзиши мазкур платформаи пурарзишеро барои ҷорӣ намудани технологияҳои SMART ва нишон додани аҳамияти онҳо дар таҳкими кӯшишҳои ҳифзи табиат фароҳам овард. Машғулиятҳоро роҳбалади варзидаи байналмиллалӣ доир намуда, донишҳои назариявиро бо машқҳои амалӣ муттаҳид намуда, тамоми иштирокчиёнро тавассути усулҳои интерактивӣ фаъолона ҷалб намуд.
Ташаббуси мазкур бо рисолати васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба тавондмандсозии кормандони минтақаҳои муҳофизатӣ ва мусоидат ба ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба амалияи ҳифзи табиат мувофиқат мекунад.