САҲА тавассути муколамаи мизи мудаввар ба ҳалли масъалаҳои об, санитария ва беҳдошт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад
20 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мизи мудаввари якрӯзаро дар мавзӯи «Талаботи стандартии меъёрӣ оид ба назорати сифати оби партов» баргузор намуд. Дар ин чорабинӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, 30 нафар мутахассисон аз марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва идораи обҳои партов дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирди ҳам овард.
Мизи мудаввар ҳамчун платформа барои пешниҳоди Талаботи стандартии меъёрӣ оид ба назорати сифати оби партов, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳо таҳия шудааст, хизмат кард. Иштироккунандагон масъалаҳои муҳим, аз қабили робитаи байни об ва тансиҳатии аҳолӣ, аҳамияти физиологӣ ва санитарии об, нақши он дар паҳн кардани бемориҳои сирояткунанда, манбаъҳои ифлосшавии обро баррасӣ намуданд. Илова бар ин, фикру мулоҳизаҳои Вазорат дар бораи «Талаботи меъёрии стандартӣ оид ба назорати сифати обҳои партов» баррасӣ карда шуданд.
Ташаббуси мазкур ӯҳдадории доимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо барои кӯмак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар баланд бардоштани беҳдошт ва идоракунии обҳои партов дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳадафҳои васеътари САҲА дар бахши об таъкид мекунад.