САҲА ба сафари табодули таҷриба барои мақомоти сарҳадбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беларус барои густариши таҷрибаҳои ҳамкории фаромарзӣ мусоидат кард
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои панҷ мутахассиси пешбари Ситоди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари табодули таҷриба ташкил намуд. Ин сафар аз 9 то 13 декабри соли 2024 ба шаҳрҳои Минск ва Брести Беларус сурат гирифт.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ намоиш додани таҷрибаҳои муассири мақомоти дахлдори сарҳадии Беларус ба афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки барои банақшагирӣ ва идоракунии амнияти сарҳадӣ дар Ситодҳои худ масъуланд. Таваҷҷӯҳ ба самтҳои калидӣ, аз қабили идоракунии ҷараёни иттилоот, идоракунии амалиётӣ дар асоси табодули маълумот дар вақти воқеӣ, арзёбии таҳлили хатарҳо (стратегӣ, амалиётӣ ва тактикӣ) ва ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдор буд.
Дар ҷараёни сафар иштирокчиён бо нақш ва вазифаҳои Хадамоти давлатии сарҳадии Беларус, Донишкадаи давлатии сарҳадӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Минск ошно шуданд. Барномаи сафар ташриф ба гузаргоҳи сарҳадии пули Варшава, дидбонгоҳи сарҳадӣ ва маркази таълимии сарҳадӣ дар Брестро дарбар гирифт.
Сафари табодули таҷрибаи мазкур фаҳмиши иштирокчиёнро дар бораи таҷрибаҳои самараноки идоракунии сарҳад афзоиш дод ва ба таҳияи тавсияҳои амалӣ дар асоси мушоҳидаҳои онҳо мусоидат намуд. Он инчунин ҷиҳати ба роҳ мондани робитаҳое, ки метавонанд ба ҳамкории оянда дар тавондмандсозӣ ва такмили техникӣ оварда расонанд, кӯмак кард.