САҲА малакаҳои коршиносони равоншиносро ҷиҳати расонидани кумак ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ такмил медиҳад
29 ноябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе курси омӯзишии якрӯза таҳти унвони «Дурнамоҳо ва рушди кумаки равонӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ» доир намуд. Дар чорабинӣ 15 нафар иштирокчиён, аз ҷумла коршиносони равоншинос аз донишгоҳҳои миллӣ, намояндагони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, бахусус аз Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Шӯъбаи равоншиносии Кумита, ҷамъ омаданд.
Курси омӯзишӣ барои иштирокчиён барои мубодилаи таҷрибаҳои худ ва муҳокимаи стратегияҳои таҳияи системаҳои дастгирии равонӣ як платформа фароҳам овард. Мавзӯъҳо омӯзиши амиқи таҷрибаҳои пешқадами минтақавӣ ва афзалиятҳои оянда дар такмили Шӯъбаи равоншиносии Кумитаро дар бар гирифтанд.
Саъдулло Шарипов, раиси Раёсати тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барномаҳои мавҷудаи кӯмаки равониро дар Кумита қайд намуда, дурнамои худро оид ба рушди Шӯъбаи равоншиносии Кумита баён намуд.
Ин иқдом ба ҳадафҳои стратегии Барномаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, инчунин Барномаи миёнамуҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 мувофиқат мекунад. Он ӯҳдадории САҲА-ро барои таҳкими тавонмандиҳои миллӣ дар вокуниш ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ таъкид мекунад.