САҲА сафари табодули байналмилалии намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Албания барои баррасии механизмҳои миллии бозравонии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дастгирӣ кард
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои ҳашт намояндаи мақомоти гуногуни давлатӣ, ки барои пешгирӣ ва вокуниш ба хушунати хонаводагӣ масъуланд, ба шаҳри Тиранаи Албания сафари омӯзишӣ ташкил кард. Сафари мазкур аз 3 то 6 декабри соли 2024 сурат гирифта ба он Намояндагии САҲА дар Албания мусоидат намуд.
Ба мақомоти иштироккунанда Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Вазорати маориф ва илм ва Дастгоҳи иҷроияи Президент дохил буданд.
Ҳадафи боздиди омӯзишӣ шиносоӣ бо заминаи меъёрии Албания ва таҷрибаҳои муассири пешгирӣ ва вокуниш ба хушунати хонаводагӣ буд. Ҳадафи ин сафар шинос намудани ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсозии вокуниши бисёрсоҳавӣ ба хушунати хонаводагӣ, механизмҳои бозравонии ҷабрдидагон ба хадамоти махсус ва системаҳои ҳифз ва дастгирии ҷабрдидагон буд. Илова бар ин, ҳадафи сафар аз омӯзиши таҷрибаҳои пешгирикунандаи марбут ба хушунати хонаводагӣ иборат буд. Ин сафари омӯзишӣ ба мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мутобиқсозии заминаи меъёрии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
Дар ҷараёни сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот анҷом дод. Ба онҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Албания, Вазорати адлия, Дафтари адвокатҳои мардумӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Ваколатдор оид ба ҳифз аз табъиз, Маркази миллии муолиҷа дар ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва хадамоти гуногуни машваратӣ барои занону духтарон, инчунин барои мардону писарон дохил буданд.