САҲА барои густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаҳои пешқадам барои Ассотсиатсияи шӯроҳои занон ба Молдова сафари омӯзишӣ ташкил кард
Аз 2 то 5 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафари панҷ намояндаи Ассотсиатсияи шӯроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кишинёви Молдова анҷом дод. Дар ҷараёни боздиди худ ҳайат бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Молдова, Бозрасии генералии карабинерӣ, Академияи полис, Ассотсиатсияи занон дар полис ва Бозрасии генералии полиси сарҳадӣ мулоқот анҷом дод. Ҳадафи онҳо омӯхтани таҷрибаҳои беҳтарини Молдова дар самти танзими гендерӣ ва нақши гурӯҳҳои занон дар ҳифзи ҳуқуқ буд.
Таваҷҷӯҳи асосии ҳайат иҷрои қатъномаи 1325 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ) буд. Намояндагони Ассотсиатсияи шӯроҳои занон дар баробари мулоқот бо ҳамтоёни худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин бо Намояндаи махсуси Раиси амалкунандаи САҲА оид ба масоили гендерӣ, инчунин намояндагони Намояндагии САҲА дар Молдова, СММ-Занон ва Институти демократия ва рушд мулоқот доир намуданд.