САҲА курси омӯзишии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришуда оид ба баланд бардоштани зарфияти тактикӣ дар маҳалҳо барои афсарони сарҳадбони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии баланд бардоштани зарфияти тактикӣ дар маҳалҳо барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар отряди сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлонро бомуваффақият анҷом дод. Курси мазкур аз 11 ноябр то 6 декабри соли 2024 дар чорчӯбаи лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад баргузор карда шуд.
Дар давоми барномаи чорҳафтаина, 29 афсари баландпоя барои баланд бардоштани дониш ва малакаҳои худ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла топография, арзёбии хатарҳо, равандҳои қабули қарорҳо, посбонии тактикӣ ва малакаҳои зинда мондан, омӯзиши пуршиддат гирифтанд.
Дар робита бо 16 рӯзи фаъолият бар зидди зӯроварии гендерӣ, ширкаткунандагон дар ҷаласаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ таҳти роҳбарии роҳбаладони Дафтари барномаҳои САҲА ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин ҷаласа онҳо оид ба пешгирии зӯроварии гендерӣ табодули таҷриба ва стратегияи худ карданд.
Илова бар ин, коршиносони Дафтари Комиссари олии СММ оид ба гурезагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар кишвар, ваколатҳо ва фаъолияти асосии Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, инчунин қонун ва ҳуқуқҳои байналмилалии гурезагон баромад карданд.
Курси омӯзишии мазкур омодагии доимии Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро барои дастгирии кӯшишҳои таҳкими тавонмандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ ба амнияти сарҳадии кишвар таъкид мекунад.