САҲА ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Душанбе ҷиҳати пешбурди муколама ва кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо зӯроварӣ Форуми миллӣ баргузор карданд
27 ноябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Форуми миллии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ - фаъолони ҳаракати гендериро таҳти унвони «Бар зидди зӯроварӣ муттаҳидшуда» дар шаҳри Душанбе ташкил намуд. Ин чорабинии муҳим 84 нафар фаъолони гендерӣ, намояндагони ҳукумат ва созмонҳои байналмилалиро барои муҳокимаи стратегияҳои пешбурди баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занону духтарон ҷамъ овард.
Мавзӯъҳои калидӣ, ки дар ин ҳамоиш баррасӣ шуданд, аз ташаббусҳои фаъолони гендерӣ дар татбиқи стратегияҳои миллии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ иборат буданд. Таваҷҷуҳи хоса ба таҳкими нақши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон дода шуд. Иштирокчиён роҳҳои баланд бардоштани таъсири созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои қабули қарорҳо, такмил додани қонунгузории дахлдор ва таҳкими ҳамоҳангсозии беҳтар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои давлатӣ ва дигар ҷонибҳои асосии манфиатдорро омӯхтанд.
Форум инчунин семинарҳои муштаракро дар бар гирифт, ки иштирокчиён дар гурӯҳҳои хурд барои таҳияи Нақшаи кории фаъолони гендерӣ дар соли 2025, ки ба татбиқи Стратегияи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд, кор карданд. Ин нақша ба таблиғ, баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ва мубориза бо таассубҳои зараровари гендерӣ тавассути омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ нигаронида шудааст.
Форум бо ӯҳдадории дастаҷамъона ҷиҳати пурзӯр кардани кӯшишҳои рафъи зӯроварии гендерӣ ва кафолат додани он, ки такони тавлидшуда ба тағйироти дарозмуддат оварда мерасонад, анҷом ёфт.