САҲА ба доир намудани мизи мудаввар оид ба вазъи татбиқи «Барномаи давлатии комплексии таълими экологӣ (2021-2025)» мусоидат мекунад
27 ноябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мизи мудаввари нимрӯза барои арзёбии вазъи татбиқи «Барномаи давлатии комплексии таълими экологӣ (2021–2025») баргузор намуд. Дар чорабинӣ 31 иштирокчӣ иборат аз 7 зан ва 24 мард, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои дахлдор, парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти мизи мудаввар иштирокчиён баромадҳо оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барнома аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, саҳми донишгоҳу донишкадаҳо дар татбиқи он ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар пешбурди Барномаро баррасӣ намуданд. Муҳокимаҳо инчунин ҳамчун платформаи ҷамъоварии тавсияҳо оид ба амалҳои оянда ва маълумот оид ба таҳияи марҳилаи навбатии Барнома хизмат карданд.
Ин ташаббус омодагии доимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо барои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологӣ ва мусоидат ба татбиқи босамари “Барномаи давлатии комплексии таълими экологӣ (2021–2025)” таъкид мекунад.