САҲА тавонмандиҳои таълимии касбии сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият медиҳад
22 ноябри соли 2024, 13 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 11 мард ва ду зан, курси сеҳафтаинаи омӯзиши роҳбаладонро хатм карданд, ки ин як қадами муҳими дигар дар тааҳҳудоти САҲА барои баланд бардоштани маърифати амнияти сарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Курси мазкур дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор шуд ва устодони Академияи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Донишкадаи олии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирди ҳам овард. Ҳадафи курс аз такмил додани усулҳои таълимӣ ва малакаҳои таҳияи барномаи таълимии онҳо иборат буд. Таҳти роҳбарии ду коршиноси байналмилалии риштаи педагогикаи омӯзиши калонсолон ва банақшагирии машқҳои таълимии ҳарбӣ, дар ҷараёни курс иштирокчиён бо усулҳо ва технологияҳои муосири таълим шинос шуданд.
“Нақши шумо дар ташаккули насли ояндаи мутахассисони амнияти сарҳадӣ мисли пештара муҳим боқӣ мемонад ва ҳоло шумо барои иҷрои ин рисолати муҳим захираҳои боз ҳам бештар доред”, гуфт Татяна Туркан, муовини раиси Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маросими тақдими дипломҳо. “Ҳамкории устодони Академияи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Донишкадаи олии сарҳадӣ махсусан арзишманд буда, барои ҳамкориҳои институтсионалӣ имкониятҳои нав фароҳам овард”, афзуд Туркан.
Хусусияти фарқкунандаи ин курс таваҷҷӯҳи махсус ба технологияҳои инноватсионии таълимӣ буд. Ин татбиқи зеҳни сунъиро барои таҳияи барномаҳои таълимӣ ва татбиқи усули таълими фосилавиро дар бар гирифт. Иштирокчиён роҳҳои ҷорӣ намудани ин усулҳои муосирро ба курсҳои мавҷудаи худ дар ҳарду муассисаи таълимӣ омӯхтанд.
Курси мазкур дар доираи лоиҳаи васеътари «Таҳкими иқтидори посбонӣ дар маҳалҳо» сурат гирифт, ки айни замон дар марҳилаи дуюми он (PFCB2) қарор дорад, ки аз ҷониби Фаронса, Олмон ва Иёлоти Муттаҳида саховатмандона дастгирӣ карда мешавад. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани қобилиятҳои таълимӣ дар баробари рушди малакаҳои тактикӣ ва системаҳои техникӣ, эҷоди усули фарогири таълими амнияти сарҳадӣ мебошад.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирии талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти амнияти сарҳадӣ тавассути ташаббусҳои гуногуни таҳкими иқтидор идома дода, ба рушди касбии нерӯҳои амнияти сарҳадӣ ва суботи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва минтақаи васеътари САҲА саҳм мегузорад.