САҲА имконоти роҳбаладони Марказҳои захиравии занонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути омӯзиши динамикӣ, ки ба рушди малакаҳои мусоидат ба ҳал кардан ва стратегияҳои пешгирии низоъҳо нигаронида шудааст, васеъ кард
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси панҷрӯзаи таълимиро таҳти унвони “Мусоидат ба ҳал ва пешгирии низоъҳо: Асосҳо ва усулҳои амалӣ” ташкил намуд, ки аз 28 октябр то 2 ноябри соли 2024 баргузор гардид. Дар курси таълимӣ 26 роҳбалади Марказҳои захиравии занон, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ карда мешаванд, аз ҷумла 23 зан ширкат варзиданд.
Омӯзиш доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла қонунҳои дахлдор, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муроҷиатҳо ва кодексҳои гуногуни марбут ба зӯроварӣ дар оиларо фаро гирифт. Таҳкими иқтидори Марказҳои захиравии занон ва гурӯҳҳои ташаббускор дар пешгирии низоъҳо, ҳассосият ба низоъҳо ва пешбурди консепсияи рушди маърифатнокӣ дар бораи шаҳрвандии глобалӣ дар маркази таваҷҷӯҳи омӯзиш буд. Иштирокчиён дар бораи асосҳои мусоидат ба ҳалли низоъҳо, мафҳумҳои асосии низоъ, намудҳо ва сабабҳои низоъҳо, ҳассосият ва ҳалли низоъҳо, нақшҳо ва намудҳои муошират ва аҳамияти тарбияи шаҳрвандии глобалӣ ҳамчун як қувваи муҳим маълумот гирифтанд. Онҳо инчунин омӯхтанд, ки чӣ гуна хизматҳоро тавассути васоити ахбори иҷтимоӣ таблиғ кардан ва бо истифода аз платформаҳои гуногун бо шунавандагони мавриди ҳадаф самаранок ҳамкорӣ кардан мумкин аст.
Сабоҳат Азизӣ, роҳбалади Маркази захиравии занон «Маърифат» дар бораи таҷрибаи худ андешаронӣ кард: «Иштирок дар омӯзиш барои ман боиси рӯҳбаландӣ буд. Иштирок дар чунин ҷаласаҳо ба табодули афкор ва таҷриба бо ҳамкорон илҳом мебахшад ва мусоидат мекунад, ки ин омодагӣ ва хоҳиши моро барои ба даст овардани натиҷаҳои аъло афзун мегардонад. Ҳама машғулиятҳо бамаврид буданд, вале ба ман бахусус мавзӯи шаҳрвандии глобалӣ, ки дар ман ҳисси бештари ватандӯстӣ ва ифтихор аз зиндагӣ дар кишвари озоду соҳибистиқлоламонро бедор мекард, хеле маъқул буд. Намоиши видеоҳо ва бозиҳои гуногун бахусус хотирмон буд ва ман ният дорам, ки ин унсурҳоро дар машғулиятҳои оянда бо баҳрабардорони худ ворид кунам”.
«Дар ҷараёни омӯзиш дар мавзӯи «Низоъ ва роҳҳои ҳалли он» ман донишҳои арзишманд ва воситаҳои амалии ҳалли муассири низоъро ба даст овардам», - иброз дошт Фаридун Маҳмудов аз Маркази захиравии занон «Занҳо зидди зуроварӣ». «Усулҳои гӯшкунии фаъол ва усулҳои муошират бидуни зӯроварӣ махсусан барои дарк ва баназаргирии нуқтаи назари ҳарду ҷониб муфид буданд. Дарсҳои амалӣ маҳорати маро дар идоракунии ҳолатҳои стресс мустаҳкам намуда, эътимоди маро ба татбиқи ин усулҳо дар сенарияҳои воқеӣ афзун гардонданд. Омӯзиши мазкур ба ман дар бораи чӣ гуна ҳамоҳангӣ ва эътимодро ҳатто дар шароити душвор нигоҳ доштан мумкин аст фаҳмиши равшане дод, ки ҳангоми кор бо одамон хеле муҳим аст», - хулоса кард Маҳмудов.
Дафтари барномаҳои САҲА ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оиларо дар минтақаҳо тавассути шабакаи иборат аз 13 Маркази захиравии занон, ки аз ҷониби САҲА таъсис дода шудаанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ мекунад. Лоиҳаи ҷории “Дастгирӣ ва таҳкими Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад.