САҲА омӯзиши вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро дар Хуҷанд дастгирӣ кард
Аз 31 октябр то 2 ноябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии (Марказ) Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар Хуҷанд курси таълимии фарогирро доир намуд. Ин иқдом 20 иштирокчӣ, аз ҷумла 7 зан ва 13 мард – мудирони бахшҳо ва роҳбаладонро гирд овард, ки аз навоҳии мухталифи вилояти Суғд буданд.
Ҳадафи омӯзиш баланд бардоштани фаҳмиши иштирокчиён дар бораи нақшаҳои таҷдидшудаи таълимӣ ва дастурҳои методии аз ҷониби Марказ таҳияшуда буд, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳо нашр шудаанд. Илова бар донишҳои назариявӣ, иштирокчиён аз устодони Марказ оид ба чӣ гуна ворид кардани ин навсозиҳо ба нақшаҳои кори таълимии худ роҳнамоии амалӣ гирифтанд ва дар ниҳоят раванди умумии таълимро ғанӣ мегардонанд.
«Омӯзиш на танҳо аз додани дониш иборат аст; ҳадафи он тавонмандсозии шахсони алоҳида барои вокуниши муассир дар замони бӯҳрон аст. Бо сармоягузорӣ ба омӯзиши роҳбаладони худ мо барои ҷомеаҳои худ заминаи устувор мегузорем ва омодагии онҳоро ба ҳар гуна ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунем”, гуфт подполковник Ҷамшед Кучаков, Муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд. “Ташаббуси мазкур қадами муҳим дар тарбияи фарҳанги бехатарӣ ва омодагӣ дар ҷомеаи мо мебошад», - афзуд Кучаков.
Курси таълимии мазкур ташаббуси сеюмест, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳо имсол барои дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил карда шудааст. Ин чорабиниҳо ба ҳадафҳои стратегии Барномаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Барномаи миёнамуҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 мувофиқат мекунанд.