Боздиди Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Рӯзҳои 24-25 октябри соли 2024 Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Кейт Ферон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард, то дар таҷлили 30-солагии ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзад.
Зимни сафар хонум Ферон якҷоя бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насриддин ҷаласаи солонаи Платформаи шарикиро ифтитоҳ намуд. Онҳо банақшагирии солонаи лоиҳаҳоро бо шарикони ҳукуматӣ баррасӣ намуда, дурнамои стратегиро барои фаъолиятҳои соли оянда муайян карданд.
Хонум Ферон бо Муовини аввали вазир Насриддин дар мавриди густариши ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти мухталиф гуфтугӯҳои ҷиддие анҷом дод ва ба таъсире, ки САҲА дар маҳал мерасонад таваҷҷӯҳи махсус кард. Ӯ ҳамчунин бо дипломатҳои ҷавон мулоқот карда, бо онҳо масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва арзиши изофаи САҲА-ро баррасӣ кард. Илова бар ин, хонум Ферон ба Донишгоҳи давлатии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар он ҷо бо донишҷӯёни риштаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мулоқот анҷом дод. Мулоқот-муколамаи муҳими ӯ бо Муовини аввали Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷаноби Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба пешбурди лоиҳаи муштараки барномаи таълимии ВАО дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар вохӯриҳо ва суханрониҳои худ Хонум Ферон ҳамкориҳои аълои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА-ро таъкид карда, омодагии доимии САҲА-ро барои амиқтар кардани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии ҷанбаҳои фарогири амниятӣ таҷдид кард.