САҲА Форуми дуюми байналмилалии ҷавонони ҳавзаи Сирдарёро дастгирӣ кард
30 сентябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сирдарёро дастгирӣ намуд. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист/Маркази Орхус дар Хуҷанд» ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз қабили Котиботи байналмилалии об, Ҳелветас, Институти рӯзноманигории ҷанг ва сулҳ (IWPR), ACTED, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Барномаи рушди СММ ва бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист доир гардида ба ҷалби ҷавонон ба идоракунии об дар шароити тағйирёбии иқлим нигаронида шуда буд. Таваҷҷӯҳи махсус ба тарғиби вокуниши минтақавӣ ба масъалаҳои экологӣ дар ҳавзаи дарёи Сирдарё зоҳир карда шуд.
Дар барномаи якрӯза беш аз 250 нафар аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Рӯзнома машғулиятҳои иттилоотӣ оид ба фаъолияти «Патрулҳои сабз» ва дарсҳои баланд бардоштани зарфиятро дар бар гирифт. Илова бар ин, иштирокчиён ба фаъолиятҳои ташкили кори гурӯҳӣ ва машқҳои амалии экологӣ, аз қабили сохтани системаи филтратсияи оби борон, тоза кардани оби ифлос бо истифода аз ашёи рӯзгор, компостсозӣ ва сохтани системаи обёрии қатрагӣ машғул шуданд. Ин таҷрибаҳои амалӣ барои дарки амиқтари идоракунии устувори муҳити зист мусоидат карданд.
Ин ташаббус бо ӯҳдадориҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва мусоидат ба пешрафти минтақавии экологӣ бо таваҷҷӯҳи хоса ба тавонмандсозии ҷавонон дар ин соҳаҳо мувофиқат мекунад.