САҲА нишасти Марказҳои Орхус дар Хуҷандро дастгирӣ кард
Рӯзҳои 22-23 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) вохӯрии дурӯзаро дар шаҳри Хуҷанд барои панҷ Маркази Орхус ташкил намуд. Ҳадафи ин чорабинӣ табодули таҷриба ва иттилоот оид ба Конвенсияи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолат дар масъалаҳои муҳити зист буд, ки маъмулан бо номи Конвенсияи Орхус маъруф аст.
Дар вохӯрӣ фаъолияти бомуваффақияти Маркази Орхуси Хуҷанд қайд карда шуда, дар бораи фаъолияти он, захираҳои кадрӣ ва воситаҳои идоракунии лоиҳа шарҳи муфассал дода шуд. Дар ҷараёни он ҳамчунин ҷаласаи солонаи ҳамоҳангсозии фаъолияти Маркахҳои Орхус сурат гирифт, ки ба таҳияи нақшаҳо барои соли 2025 тибқи нақшаи амал ва Нақшаи стратегии Марказҳои Орхуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дошт.
Чорабинии мазкур ба ӯҳдадории Дафтари барномаҳо оид ба мусоидат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди принсипҳои Конвенсияи Орхус, дастгирии таҷрибаҳои устувори экологӣ ва баланд бардоштани иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳои экологӣ мувофиқат мекунад.