Курси САҲА ба воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили маҳорати ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунад
8 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии якмоҳаро таҳти унвони «Таҳкими иқтидори амалиётии саҳроӣ» (SFOC) дар Отряди сарҳадии Шӯроободи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон ба анҷом расонд. Курси аз 11 сентябр то 8 октябр баргузоршуда аз ҷониби коршиноси миллӣ бо дастгирии панҷ ёварони роҳбалади Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ба истифода бурдан аз таҷрибаи маҳаллӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани иқтидори устувори таълимии дохилӣ имкон дод.
24 афсари воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаҳои марбут ба рисолати муҳими худ – таъмини амнияти марзи 1374 километрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистонро такмил доданд. Курси таълимӣ як қатор мавзӯъҳоро, аз ҷумла харитахонӣ, паймоиши замин, роҳёбӣ, амалиётҳои назоратӣ ва амниятӣ ва маълумотдиҳӣ, кӯмаки аввалия, мушоҳидаи шабона, кӯҳнавардӣ, амалиёти амнияти сарҳадӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи инсон ва арзёбии хатарҳоро дар бар гирифт. Иштирокчиён инчунин бо нармафзори харитасозии геофазоӣ ва таҳлилии Google Earth Pro шинос карда шуданд, ки барои банақшагирии амалиёти амнияти сарҳадӣ дар сатҳи тактикӣ кӯмак мекунад.
Аз оғози омӯзишҳо дар соли 2018 инҷониб, 739 афсари воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси SFOC-ро хатм кардаанд. Ғайр аз он, зиёда аз 70 хатмкунандагони курсҳо баргашта, ба ҳайси ёварони роҳбалади курси SFOC хизмат карда, ба омӯзиши дохилӣ саҳм гузоштанд.
Дар маросими хатми курси таълимӣ Ҷон Кейси, Роҳбари лоиҳаи «Тақвияти иқтидори посбонии саҳроии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (PFCB2)» ба аҳамияти омӯзиши малакаҳои амалӣ дар баланд бардоштани иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти бехатар ва самараноки амнияти сарҳадӣ, бахусус дар сарҳади аз ҷиҳати ҷуғрофӣ мураккаб ва аксаран хатарноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кард. Майор Диловар Ҳалимов, яке аз шунавандагони курс, ба САҲА барои пешниҳоди омӯзиши босифати марбут ба нақши онҳо дар таъмини амнияти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос кард ва оид ба идомаи фаъолиятҳои тавондмандсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ дар оянда ибрози умед намуд.
Бо дарназардошти он, ки марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 61% тамоми марзи САҲА бо Афғонистонро ташкил медиҳад, амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амнияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва минтақаи васеътари САҲА аҳамияти ҳалкунанда дорад. Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниши САҲА ба таҳдидҳои амниятӣ, ҷиноӣ ва мушкилоти башардӯстонае, ки аз Афғонистон бармеоянд, нақши муҳим мебозанд.
Курси таълимии «Таҳкими иқтидори амалиётии саҳроӣ» бахше аз Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори посбонии саҳроии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (PFCB2)» мебошад, ки аз ҷониби Фаронса, Иёлоти Муттаҳида ва Олмон маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА амалӣ карда мешавад. Ин як ҷузъи кӯшишҳои бисёрсолаи Дафтари барномаҳо барои дастгирии иқтидори вокуниш ба амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.