САҲА ба воҳидҳои милитсияи ба масоили гендерӣ нигаронидашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти иттилоотӣ тақдим кард
4 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва воҳидҳои милитсияи ба масоили гендерӣ нигаронидашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти идоравӣ тақдим намуд.
Таҷҳизоти техникии тақдимшуда ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешгирӣ ва мубориза бо хушунати хонаводагӣ дар кишвар дастгирӣ хоҳад кард. Аз ҷумла, он ба кори воҳидҳои ба масоили гендерӣ нигаронидашудаи милитсия, ки 14-тои онҳо бо дастгирии Дафтари барномаҳо ҷиҳати сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, таъмини ҳифзи муассир ва бозравонии наҷотёфтагон ба хадамоти дахлдори дастгирӣ бо баррасӣ ва муайян кардани афзалиятнокии ниёзҳои онҳо таъсис ёфтаанд.
Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи дастгирии Дафтари барномаҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аксуламал ба хушунати хонаводагӣ тавассути усулҳои ба ҷабрдида нигаронидашуда сурат гирифта, бо ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи САҲА оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила мувофиқат мекунад.