САҲА Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доир намудани омӯзиш дар Бохтар дастгирӣ кард
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии (Маркази таълимӣ) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар гузаронидани курси омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар аз 24 то 26 сентябри соли 2024 кумак расонд. Дар курс 20 нафар, аз ҷумла 6 зан ва 14 мард иштирок намуданд, ки мудирон ва роҳбаладон аз навоҳии гуногуни минтақаи Бохтар буданд.
Омӯзиш ба баланд бардоштани фаҳмиши онҳо дар бораи нақшаҳои таҷдидшудаи таълимӣ ва дастурҳои методӣ, ки аз ҷониби Маркази таълимӣ бознигарӣ шуда, бо кӯмаки Дафтари барномаҳо чоп шудаанд, равона карда шудааст. Илова бар ин, устодони Маркази таълимӣ ба иштирокчиёни минтақавӣ оид ба ворид намудани ин тағйирот ба нақшаи кори таълимии онҳо ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълим тавсия доданд. Чорабинии мазкур аввалин курси омӯзишии аз ҷониби Дафтари барномаҳо дар соли ҷорӣ ташкилшуда буд, ки дар назар аст, ки боз ду курси омӯзишии шабеҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғд баргузор шавад.
Фаъолият ба ҳадафҳои стратегии Барномаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Барномаи миёнамуҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 мувофиқат мекунад.