САҲА семинар барои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба усулҳои тадқиқоти мониторинги алтернативии зидди фасодро дастгирӣ кард
Рӯзҳои 22-23 августи соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари омӯзишии дурӯзаро оид ба усулҳои тадқиқоти мониторинги алтернативии зиддикоррупсионӣ ташкил намуд. Дар семинар 19 нафар намояндагони Эътилофи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба шаффофият ва мубориза бо коррупсия ва хатмкунандагони Мактаби тобистонаи мубориза бо коррупсия барои ҷавонон - соли 2024 ширкат варзиданд.
Ҳадафи семинар шинос намудани иштирокчиён бо тарҳи тадқиқот ва усулҳои тадқиқоти сифатӣ ва миқдории марбут ба идоракунии самаранок ва мубориза бо коррупсия буд. Дар доираи семинар машғулиятҳо ва кори гурӯҳӣ оид ба ҷорӣ намудани раванди мониторинги алтернативӣ ҳамчун яке аз механизмҳои таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин асосҳои банақшагирии омӯзиши сотсиологӣ тибқи стандартҳои таълимӣ иборат буд. Ба иштирокчиён оид ба намудҳои тадқиқоти амалӣ, методология, таҳлили мушкилот, мақсад ва вазифаҳои тадқиқот, таҳияи фарзия (гипотеза) ва муайян кардани мафҳумҳои асосӣ маълумот дода шуд. Рӯзи дуюми семинар ба усулҳои назарпурсӣ барои ҷамъоварии маълумоти эмпирикӣ ва таҳлили маълумот бахшида шуд.
Чорабинии мазкур дар доираи дастгирии доимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самарабахш ва мубориза бо коррупсия тавассути дастгирии ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо коррупсия ва баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳии ҷомеа сурат гирифт.