Дар Қазоқистон курси минтақавии таълимии тиббӣ таҳти раҳбарии САҲА барои мутахассисони Осиёи Марказӣ анҷом ёфт
28 августи соли 2024 дар Алмаато дар Маркази амалиёти сулҳсози Қазоқистон курси таълимии минтақавии тиббии таҳти роҳбарии САҲА оид ба дастгирии амалиёти безараргардонии маводи тарканда бомуваффақият анҷом ёфт. Ҳадафи ин курси аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Остона ва Маркази назорат ва бозрасии аслиҳаи Вазорати мудофиаи Қазоқистон доиргардида муҷаҳҳаз намудани кормандони тиббии низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо малака ва донишҳои зарурӣ барои вокуниши муассир ба мушкилоте буд, ки дар натиҷаи амалиёти безараргардонии маводи тарканда ба миён меоянд.
20 нафар мутахассисони соҳаи тиб (16 мард ва 4 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мавриди омӯзиши пуршиддат қарор гирифтанд, ки таълими назариявиро бо машқҳои амалӣ пайваст мекарданд. Барномаи таълимӣ ба доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла муолиҷаи ҷароҳатҳои дар натиҷаи таркиш баамаломада, тартиби ҷудо кардани захмдорон аз рӯйи вазнинии захм, банақшагирии ҳамлу нақл ва риояи стандартҳои байналмилалии поксозии минаҳо нигаронида шудааст.
Ҷанбаи муҳими курси мазкур таваҷҷӯҳ ба омӯзиши амалӣ буд. Иштирокчиён сенарияҳои воқеии безараргардонии лавозимоти нотаркидаро тақлид карданд, ки ба онҳо имкон дод, то ёрии таъҷилии тиббиро дар шароити душвор ва талабкунандаи тадбирҳои таъҷилӣ расонанд. Ин таҷрибаи амалӣ ба ташаккули малака ва худбоварии онҳо мусоидат кард.
Илова ба ҷанбаҳои техникии дастгирии тиббӣ, курс инчунин ба ҳамкорӣ байни кормандони тиббии ҳарбӣ аз кишварҳои гуногун мусоидат кард. Иштирокчиён имкони мубодилаи таҷриба, муҳокимаи таҷрибаи пешқадам ва барқарор кардани муносибатҳои касбӣ доштанд. Ин ҳамкории байниидоравӣ барои вокуниши муассир ба ҳолатҳои фавқулоддаи марбут ба безараргардонии маводи тарканда муҳим аст.
Курси мазкур бо муҷаҳҳаз кардани кормандони тиббии ҳарбӣ бо малака ва донишҳои зарурӣ, амният ва омодагии минтақаро ба таври назаррас афзоиш дод. Он ба рушди инфрасохтори бештар муассир ва фаврии тиббӣ дар Осиёи Марказӣ, ки барои ҳалли мушкилоти ҷорие, ки аз лавозимоти нотаркида бармеоянд, муҳим аст, мусоидат кард.
Анҷоми бомуваффақияти ин курс як қадами муҳиме ба пеш дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва эҷоди иқтидор дар соҳаи дастгирии тиббии безараргардонии маводи тарканда мебошад. Ин далели омодагии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Дафтари барномаҳои САҲА дар Остона ва Вазорати мудофиаии Қазоқистон ба тақвияти сулҳ, амният ва мусоидат ба кумакҳои башардӯстона дар минтақа аст.