Иттиҳоди Аврупо ва САҲА барои арзёбии фаъолиятҳои лоиҳавӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Рӯзи 20 августи соли 2024 ҳайати муштараки вакилон иборат аз Сафир Вилли Кемпел, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Сафир Раймундас Кароблис, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду макони муҳими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арзёбӣ намудани таъсири мусбати лоиҳае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад боздид карданд. Дар ҷараёни боздид ҳайати вакилон, ки ба он донори лоиҳа Леа Трис аз Бахши воситаҳои сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (FPI) дар Вена шомил буд, ҷараёни ду курси таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Отряди сарҳадии Хоруғ мушоҳида кард. Сипас, онҳо дар маросими ифтитоҳи расмии панҷ контейнери васлшаванда дар отряди сарҳадии Рӯшони ВМКБ ширкат карданд.
Ду курси таълимӣ таҳти унвонҳои «Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо» ва «Таҳкими зарфияти амалиётии тиббӣ дар маҳалҳо» барои 60 афсар, аз ҷумла 8 афсарзани иштирокчии курси тиббӣ баргузор гардид. Ҳайати вакилон иштирокчиёнро мушоҳида кард, ки малакаҳои нав омӯхтаи худро дар машқҳои амалӣ, аз қабили кӯмаки аввалия ва интиқоли осебдидагон бо истифода аз мошини ёрии таъҷилии дорои иқтидори баланди тайкунии мавзеъҳои кӯҳистонӣ (4х4), ки аз ҷониби лоиҳаи FPI тақдим шудааст, истифода мебаранд. Ҳайати вакилон инчунин шоҳиди як машғулияти таълимӣ оид ба ҳуқуқи гурезагон дар ҷараёни курси «Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо» шуд, ки коршиноси Дафтари Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо (UNCHR) баргузор намуд.
Сафир Кемпел бо генерал-майор Дилшод Тоирзода, Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Ду мансабдор ҳамкориҳои ҷории САҲА ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, сатҳи аълои шарикиро таъкид намуда, имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар ташаббусҳои амнияти сарҳадӣ баррасӣ карданд.
Пас аз намоишҳои таълимӣ ҳайати вакилон барои маросими ифтитоҳи расмии панҷ контейнери омодашуда ба Отряди сарҳадии Рӯшони ВМКБ сафар карданд. Ин контейнерҳо барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурии кориро фароҳам оварда, эҳтиёҷоти таъҷилиро ба васеъ кардани ҷойгоҳ бинобар афзоиши шумораи ҳайати шахсӣ ва воҳидҳои сарҳадӣ қонеъ мегардонанд. Дар маҷмӯъ лоиҳа 16 контейнерро таъмин намуд, ки аз нигоҳи стратегӣ дар сарҳади Афғонистон дар Рӯшон (ВМКБ), иншооти сарҳадии Сари Чашма ва Айвоҷ (вилояти Хатлон) ҷойгир шудаанд.
САҲА ва ИА минбаъд низ ба дастгирии талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳадҳояш ва баланд бардоштани иқтидори амнияти сарҳадии он тавассути ҳамкориҳои пайваста ва татбиқи лоиҳаҳо омодаанд.