САҲА мактаби тобистонаро оид ба мубориза бо коррупсия барои ҷавонон дастгирӣ кард
Аз 12 то 16 августи соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) Мактаби тобистонаи оид ба мубориза бо коррупсия барои ҷавонон дар осоишгоҳи «Ёс», Тоҷикистон, дастгирӣ намуд. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Эътилофи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Мактаби тобистона чорабиние ҷиҳати табодули таҷриба ва омӯзиш буд, ки дар он 20 ҷавон аз Тоҷикистон, кормандони САҲА ва коршиносон ва таҷрибаомӯзон аз хориҷи кишвар ва Тоҷикистон даъват шудаанд. Иштирокчиён бо стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадам дар самти идоракунии самаранок ва мубориза бо коррупсия шинос карда шуданд. Онҳо ҳамчунин методҳои гуногуни фаннӣ, аз ҷумла омӯзиши ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, иқтисод, ҷомеашиносӣ, антропологияи иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои гендериро вобаста ба таъсир ва сабабҳои коррупсия омӯхтанд. Ҷавонон тавассути лексияҳо, машғулиятҳои интерактивӣ, омӯзиши ҳолатҳои мушаххас, кори дастаҷамъӣ ва муаррифиҳои инфиродӣ мавзӯъро фаъолона баррасӣ намуданд. Илова ба барномаи омӯзишӣ, чорабиниҳои гуногуни иҷтимоии мусоидаткунанда ба муоширати шабакавӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ дар байни иштирокчиён ташкил карда шуданд.
Иқдоми мазкур дар доираи дастгирии доимии Дафтари барномаҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи мубориза бо коррупсия буда, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи сабабҳо ва хатарҳои коррупсия бо таваҷҷӯҳи махсус ба занон ва ҷавонон нигаронида шудааст.