Иттиҳоди Аврупо ва САҲА Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси онҳо табрик мекунанд
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-умин солгарди таъсиси онҳо, ки марҳилаи муҳим дар ҳифзи амнияти кишвар ба шумор меравад, табрикоти самимии худро мерасонанд. Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таъмини амнияти сарҳади муҳими Тоҷикистон бо Афғонистон нақши муҳим мебозанд ва на танҳо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз таҳдидҳои амниятӣ, балки минтақаи васеътари Иттиҳоди Аврупо ва САҲА-ро низ ҳифз мекунанд. Намояндагии ИА ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фидокорӣ ва кордонии Қӯшунҳои сарҳадиро эътироф мекунанд ва ифтихор доранд, ки шарики калидӣ дар таҳкими иқтидори онҳо мебошанд.
Лоиҳаи «Ба эътидол овардани минтақаи ҷануби сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон»-и аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда аз соли 2020 ба Қӯшунҳои сарҳадӣ кӯмаки ҷиддӣ расонидааст. Дар 42 курси таълимӣ беш аз 1200 афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ бо малакаҳои зарурии амалиёт дар маҳал, расонидани кӯмаки аввалия, қаиқронӣ ва банақшагирии амалиётӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Барои барномаи таълимии мазкур Қӯшунҳои сарҳадӣ бо 500 адад таҷҳизоти тактикӣ ва 6 адад қаиқҳои мотории резинӣ таъмин карда шудаанд. Иқтидори амалиётии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳисоби тақдими таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ (компютерҳо, ноутбукҳо, проекторҳо ва принтерҳо), се мошини ёрии таъҷилӣ, се генератор ва масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири марказҳои таълимӣ ва отрядҳои сарҳадӣ тақвият ёфт.
Дар соли 2024, барои дастгирии тавсеаи Қӯшунҳои сарҳадӣ, лоиҳа таҷҳизоти иловагии тактикӣ ва тиббӣ, аз ҷумла беҳбуди инфрасохтор: 16 бинои амалиётии васлшавандаи контейнерӣ ва зиёда аз 160 камераҳои инфрасурх ва гармибинӣ барои таъмини амнияти душвортарин минтақаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон таъмин хоҳад кард.
Иттиҳоди Аврупо ва САҲА барои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоидат ба сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таъмини қобилият ва омодагӣ барои амалиётҳо дар вазъиятҳои пеш- ва пасазбӯҳронӣ омодаанд. Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ифтихор доранд, ки дар ин талошҳои муштарак нақш мебозанд ва дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Қӯшунҳои сарҳадӣ ва саҳмгузорӣ ба ояндаи устувору амни Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Мо интизори идомаи ҳамкориамон ҳастем.