Омӯзиши САҲА маҳорати кинологони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият медиҳад
24 майи соли 2024 дар шаҳри Бохтар курси серӯзаи таълимии ташкилнамудаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои кормандони хадамоти кинологӣ (таълими сагҳои посбонӣ) ба анҷом расид. Чорабинӣ дар Маркази таълимии К9 Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардида дар он 20 нафар кинологон аз воҳидҳои кинологии К9-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ иштирокчиён усулҳои пешрафтаи таълими сагҳоро омӯхтанд. Илова бар ин, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ бо ҷанбаҳои ҳамоҳангсозии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ шинос шуданд.
Дафтари барномаҳо дар соли ҷорӣ ин омӯзишро дар Дафтари минтақавии Маркази таълимии К9 дар шаҳри Хоруғ низ такрор мекунад. Ин фаъолият дар доираи кӯшишҳои дарозмуддати Дафтари барномаҳо оид ба андешидани тадбирҳои коҳиш додани хатари садамаҳо ва рафъи оқибатҳои онҳо, инчунин оид ба бартараф кардани хатарҳои марбут ба офатҳои табиӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд-зуд дар саросари кишвар бо онҳо рӯбарӯ мешавад гузаронида мешавад.