САҲА дар чорчӯбаи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, курси таълимии таъмини бехатарӣ ҳангоми тармафароиро ба анҷом расонд
15 марти соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ноҳияи Варзоб дар наздикии шаҳри Душанбе курси таълимии баланд бардоштани тавонмандӣ барои таъмини бехатарӣ ҳангоми тармафароӣ барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи САҲА «Босуботгардонии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт.
Курси дуҳафтаина барои баланд бардоштани омодагӣ ва қобилиятҳои вокуниш нигаронида шуда 20 нафар иштирокчиён, аз ҷумла 18 наҷотдиҳанда ва ду роҳбалади миллиро ҷамъ овард. Иштирокчиён, ки ҳамашон мард буданд, воҳидҳои зудамалро ки бо ҳадафҳои стратегӣ дар минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, намояндагӣ карданд.
Курси таълимӣ ба баланд бардоштани кордонӣ ва омодагии гурӯҳҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар бо таваҷҷӯҳ ба баланд бардоштани малакаҳои муҳим, аз қабили муайян кардани минтақаҳои тармафароӣ, расмиёти арзёбии хатар ва гузарондани моҳиронаи амалиёти ҷустуҷӯ, истихроҷ ва интиқоли қурбониён равона шудааст. Машғулиятҳои амалӣ дар минтақаҳои хатарноки тармафароии пойгоҳи Майхӯраи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Варзоб гузаронида шуданд. Вақте ки шароити обу ҳаво имкон дод, иштирокчиён дониши худро дар минтақаи зери тарма дар амал истифода бурданд. Ҳангоми гузаронидани омӯзиш беш аз 40 тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Иштирокчиён таҷрибаи фаврӣ ва амалӣ андӯхта, дар баровардани 50 мошин аз барф ва интиқолдиҳии осебдидагон ҷалб карда шуданд.
Дар доираи ӯҳдадориҳои доимӣ оид ба таҳкими тавонмандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва таъмини субот дар минтақаи сарҳадӣ, ин ташаббус намунаи кӯшишҳои муштараки САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти маҳаллӣ бо ҳадафи муштараки таъмини амният ва ҳифзи минтақа мебошад.