САҲА ба директорон ва кормандони Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкории иҷтимоиро меомӯзонад
Эҷоди моделҳо барои таъсиси корхонаҳои иҷтимоӣ ва гуногунсозии манбаъҳои даромад барои таъмини устуворӣ аз ҷумлаи малакаҳое буд, ки дувоздаҳ зан дар як курси омӯзишӣ барои 26 намояндаи Марказҳои захиравии занони аз ҷониби САҲА дастгиришаванда омӯхтаанд. Курс, ки аз 26 феврал то 1 марти соли 2024 баргузор гардид, аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил карда шуд, ки дастгирии ҳамаҷониба ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаҳо тавассути шабакаи 14 Маркази захиравии занон, ки аз ҷониби САҲА дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ таъсис дода шудааст, таъмин менамояд.
Иштирокчиён асосҳои назариявии таъсиси корхонаи иҷтимоӣ, малакаҳои амалии тарҳрезии нақшаҳои ташкилӣ, амалиётӣ ва молиявӣ, таҳлили молиявӣ ва сармоягузорӣ ва арзёбии хавфҳоро омӯхтанд. Мавзӯҳои дигар ба муқаррар кардани ҳадафҳо ва рисолати корхонаи иҷтимоӣ, мафҳумҳои соҳибкории иҷтимоӣ, ҳадаф ва диди онҳо ва фаҳмиши бозор нигаронида шудаанд.
Маърифат Хидиралиева, директори Маркази захиравии занон дар Хуросон гуфт: «Курси мазкур ба афзоиши ҳавасмандӣ ва таваҷҷӯҳ ба тиҷорати иҷтимоӣ мусоидат кард. Мо ният дорем, ки минбаъд донишҳои андӯхтаро дар амал татбиқ намуда, лоиҳаи тиҷорати иҷтимоӣ таҳия намуда, занони осебпазири минтақаамонро ҷалб намоем».
«Ин тренинг идомаи мантиқии як силсила тренингҳо оид ба соҳибкории иҷтимоӣ буд, ки ба таъмини даромад ва баланд бардоштани некӯаҳволии Марказҳои захиравии занон ва баҳрабардорони онҳо мусоидат мекунад. Умедворам, ки Марказҳои захиравии занон дар расонидани кӯмак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба комёбӣ ноил хоҳанд шуд”, гуфт Гулшоҳ Ҷумъахонов, коршиноси маҳаллии САҲА.
Директори Маркази захиравии занон «АСТИ» дар Хуҷанд Муҳбира Тюряева тавзеҳ дод, ки: «Дар рафти курс мо ҳадафҳо ва рисолати корхонаи иҷтимоӣ ва шаклҳои амалисозии соҳибкориро дида баромадем. Мо намудҳои мизоҷон ва ҳангоми кор бо онҳо чиро бояд ба назар гирифт ва инчунин аҳамияти кори дастаҷамъона дар тиҷорати иҷтимоиро таҳлил кардем».
Курси таълимӣ дар доираи лоиҳаи Дафтари барномаҳои САҲА “Дастгирӣ ва таҳкими Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Норвегия, Олмон ва Андорра маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад.