САҲА ба боздиди ҳайати намояндагони ИМА аз Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи тарканда мусоидат мекунад
15 феврали соли 2024 Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) имтиёзи беандозаи мизбонии хонум Рэйчел Шиллер, Муовини ёвари Котиби ИМА оид ба барномаҳо ва амалиётҳо дар Раёсати корҳои сиёсию ҳарбӣ ва ҷаноби Родни Робидо, Роҳбари Барномаи ИМА оид ба нобудсозии яроқу аслиҳаи муқаррарии Департаменти давлатии ИМА, Раёсати корҳои сиёсию ҳарбӣ, Дафтари хориҷ кардан ва коҳиш додани силоҳ дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи тарканда (Маркази таълимии минтақавӣ)-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошт.
Дар ҷараёни боздид меҳмонони боломақомро корманди масъули САҲА Юкка Туононен ва Мушовири Барномаи фарогири ҳамкориҳо оид ба хатари маводи тарканда Соня Станисавлевич самимона истиқбол гирифта, дар бораи омӯзиши ҷорӣ ва фаъолиятҳои минбаъдаи лоиҳа, ки аз тарафи хукумати ИМА то нимаи соли 2013 дастгирӣ карда шудааст маълумот доданд.
Генерал-майор Шараф Эгамзод, муовини вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳайатро самимона истиқбол намуда, афзалиятҳои Вазорати мудофиа дар доираи ҳамкориҳои таълимӣ бо Артиши марказии ИМА (USARCENT)-ро таъкид кард.
Директори Маркази минтақавии таълимӣ полковник Сулаймон Қодирзода дар бораи фаъолиятҳои таълимии марказ муаррифии муфассал пешниҳод намуд.
Боздиди сатҳи баланд бо Омӯзиши минтақавӣ оид ба безараргардонии маводи таркандаи сатҳи 3 (EOD3) рост омад, ки дар он намояндагон аз Қазоқистон, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Дар доираи Омӯзиши минтақавии сатҳи 3 меҳмонони боломақом имкон доштанд, ки ду машқи амалиро мушоҳида кунанд ва дар онҳо иштирок кунанд, ки дар онҳо иштирокчиён донишу малакаҳои техникии андӯхтаи худро оид ба усулҳои кор бо чангак ва ресмони қалмоқ, инчунин оид ба бехатар баровардан ва ҷудо кардани детонаторҳоро бо истифода аз тасмаи часпак (скотч) ва ресмонҳоро намоиш доданд.
Кормандони Маркази таълимии минтақавӣ инчунин таҷҳизоти безараргардонии минаҳоро, ки аз ҷониби USARCENT пешниҳод шудаанд, муаррифӣ карданд, ки ҳангоми гузаронидани омӯзишҳо оид ба минарӯбӣ истифода мешаванд.
Зимни вохӯрӣ ҳамаи шарикони лоиҳа нақши муҳими САҲА-ро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозӣ оид ба коҳиши хатари маводи тарканда дар Осиёи Марказӣ таъкид намуданд. Чунин шарикӣ ба таҳкими сулҳ, субот ва амният дар саросари минтақа мусоидат мекунад.