Иштироки САҲА дар музокирот бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти шабакаи Қабулгоҳҳои сайёри милитсия
Дар мулоқоти 7 феврали соли 2024 Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Насимзода Акбар Ғиёс бо Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Юкка Туононен мулоқот намуд. Муовини вазир ба Дафтари барномаҳо ҳамчун шарики асосии Вазорат дар пешбурди ислоҳоти милитсия дар саросари кишвар барои дастгирии лоиҳаи тавсеаи шабакаи амалиётии Милитсияи сайёр изҳори сипос намуд.
Муҳокимаҳо ба роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Қабулгоҳҳои сайёри милитсия равона шуда, мушкилоти марбут ба онҳо арзёбӣ шуданд. Генерал-майор Насимзода Акбар Ғиёс Юкка Туононенро итминон дод, ки Вазорат барои татбиқи лоиҳа, ки дар ҳамкорӣ бо САҲА таҳия шудааст, тамоми чораҳои заруриро анҷом медиҳад.
Ҷонибҳо таъсири мусбатеро, ки шабакаи сайёри милитсия метавонад барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад, эътироф намуда, дар мавриди ҳамкориҳои мутақобила барои идомаи он ба мувофиқа расиданд.