САҲА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тавсеаи шабакаи қабулгоҳҳои сайёри милитсия дастгирӣ мекунад
7 феврали соли 2024, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи Қабулгоҳҳои сайёри милитсия, як қисми барномаи САҲА оид ба ислоҳоти милитсия дар кишвар 10 микроавтобуси ҳамчун қабулгоҳҳои сайёри милитсия муҷаҳҳазшударо тӯҳфа кард.
Мошинҳо барои иҷрои вазифаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа истифода мешаванд ва барои кормандони милитсия барои сафар ба деҳот ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони маҳаллӣ шароити беҳтари корӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар маросими тақдим Юкка Туононен, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва генерал-полковник Раҳимзода Рамазон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
“Қабулгоҳҳои сайёри милитсия ба кормандони милитсия барои зудтар ҳаракат кардан, қабул кардани ариза ва муроҷиатҳо аз шаҳрвандон ва дастрасии милитсия барои мардум кӯмак мекунанд» гуфт Туононен. «САҲА ҳамкорӣ ва дастгирии Вазоратро дар соҳаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар саросари кишвар ба нафъи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод».
Генерал-полковник Раҳимзода Рамазон ба САҲА барои таҳкими иқтидори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдории самимӣ намуд. Ӯ аҳамияти ташаббуси муштараки САҲА ва Вазоратро дар татбиқи ислоҳоти милитсия таъкид кард.
То соли 2024 Дафтари барномаҳо барои тавсеаи шабакаи қабулгоҳҳои сайёри милитсия дар саросари кишвар ба Вазорат 17 микроавтобус таъмин намуд. Маблағи умумии масрафшуда барои микроавтобусҳои тақдимшуда то имрӯз 254 ҳазору 800 евроро ташкил додааст.