САҲА сафарҳои муштаракро ба майдонҳои минарӯбии башардӯстона дар минтақаҳои Ваҳдат ва Ғарм ташкил кард
Аз 30 октябр то 3 ноябри соли 2023 Барномаи «Ҳамкориҳои ҳамаҷониба оид ба безараргардонии маводи тарканда»-и (ICExH) Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи (REHTC) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин сафарҳои муштаракро ба майдонҳои минарӯбии башардӯстона дар минтақаҳои Ваҳдат ва Ғарми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд. Дар сафарҳо ба маҳалҳо чаҳор омӯзгори Маркази минтақавӣ (ҳама мард) ва чаҳор намояндаи САҲА, ки ду нафарашон зан буданд, ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни сафарҳои якҳафтаина ба маҳалҳо иштирокчиён донишу малакаҳои худро дар самти идоракунии самараноки барномаҳои минарӯбӣ, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳо ва расмиёти дахлдор, истифодаи минарӯбони ботаҷриба ва соҳибихтисос ва операторони инфиродии безараргардонии боқимондаҳои нотаркидаи ҷангӣ ва истифодаи самаранок ва бехавфи таҷҳизот, захираву мавод такмил доданд.
Иштирокчиён бо амалиёти минарӯбии башардӯстонаи дастаҳои минарӯбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кӯмаки мардуми Норвегия шинос карда шуданд; усулҳои ҷустуҷӯ, ошкор ва безараргардонии минаҳо ва лавозимоти нотаркида; усулҳои тадқиқоти ғайритехникие, ки ҳангоми муайян кардан, дастрасӣ, ҷамъоварӣ, гузориш додан ва истифодаи иттилоот барои муайян кардани минтақаҳои эҳтимолан хатарнок ва минтақаҳои хатарнокиашон тасдиқшуда истифода мешаванд; ва расмиёти эвакуатсия дар ҳолатҳои фавқулодда ва эвакуатсияи тиббии марбут ба берун баровардани ашхоси осебдида аз минтақаи хатарнок, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва интиқоли осебдида дар мошини ёрии таъҷилӣ ба маконе, ки дар он ҷо ҷарроҳӣ ва нигоҳубини доимӣ таъмин карда мешавад.
Чорабинӣ дар доираи нақши васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар сафарбар намудани ниҳодҳои асосии миллӣ ва ташкил намудани платформаи амалиёти муштарак бо мақсади ба даст овардани тағйироти дарозмӯддат дар амалиёти минарӯбии башардӯстона гузаронида шуд.