САҲА барои роҳбаладони Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимӣ баргузор мекунад
17 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси панҷрӯзаи омӯзиши роҳбаладон, ки аз ҷониби САҲА барои роҳбаладони Марказҳои захиравии занон доир гардида буд, ба анҷом расид. Курси якҳафтаина 26 нафар иштирокчиёнро гирд оварда ба таҳкими дониши роҳбаладони Марказҳои захиравии занон аз рӯи усули “Зиндагии Шоиста” равона шуда буд.
Омӯзиши роҳбаладон ба ташвиқи андешаронӣ дар бораи арзишҳо ва афкор дар бораи гендер ва муносибатҳо дар оила бахшида шуда буд. Иштирокчиён дар бораи оилаи солим ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи зӯроварӣ нисбати занон дониш андӯхтаанд. Инчунин дар давоми тренинг, ҳамоҳангсозони Марказҳои захиравии занон малакаҳоихудро ҷиҳати кӯмак расонидан ба аъзои оила дар муоширати беҳтар бо ҳамдигарро ташаккул додаанд.
Қисми “Зиндагии шоиста” аз 11 модул иборат аст, аз қабили: Биё муошират кунем; Мардон ва занон - интизориҳо дар муқоиса бо воқеият; Муносибатҳо; Мулоқоти гурӯҳи ҳамсолон; Оилаи солим; Зӯроварӣ дар муносибатҳо; Дастгирии заноне, ки дар муносибатҳо мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд; Тағйир додани рафтор; Боисрор будан; Изҳори миннатдорӣ; ва дигар модулҳо.
Наргиза Мухторова, роҳбалади Маркази захиравии занон “Умед” дар Исфара, вилояти Суғд гуфт: “Донишу малакаҳое, ки ман дар ин тренинг андӯхтам, ба ман кӯмак мекунад, ки дар байни он оилаҳое, ки мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд, машғулиятҳои иттилоотӣ гузаронам ва ба онҳо дар коҳиши ташаннуҷ мусоидат кунам, то онҳо муошират ва муносибатҳоро беҳтар намуда, ҳаёти худро бошарафона ва дар ҳамоҳангӣ гузаронанд».
«Ман дар омӯзиши роҳбаладон малакаҳои муошират, нақшбозӣ ва мубодилаи таҷрибаро омӯхтам», - мегӯяд Айсифат Норбекова, роҳбалади Маркази захиравии занон «Дармонбахш»-и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон. Ӯ афзуд, ки дониши андӯхтаи худро дар кори амалии худ бо занони хушунатро аз сар гузаронида ва заноне, ки дар оилаҳои носолим зиндагӣ мекунанд, истифода хоҳад кард.
Курси таълимӣ дар чорчӯбаи лоиҳаи “Марказҳои захиравии занон”-и САҲА, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Норвегия, Олмон ва Андорра маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад. Омӯзиш як қисми дастгирии доимии Дафтари барномаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла тавассути такмил додани хизматрасонии дастгирии касбӣ ба наҷотёфтагон мебошад.