САҲА курси минтақавии безараргардонии маводи таркандаро барои мутахассисон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Сербия дастгирӣ кард
27 октябри соли 2023 нуздаҳ нафар мутахассисони безараргардонии минаҳо (18 мард, 1 зан) аз сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти амниятӣ ва ниҳодҳои башардӯстонаи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Сербия Курси сеҳафтаинаи минтақавии безаргардонии маводи таркандаро (лавозимоти ҷангии муқаррарии сатҳи 2) дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чимтеппаро анҷом доданд.
Дар давоми Курси безаргардонии лавозимоти ҷангии нотаркидаи сатҳи 2 иштирокчиён малакаҳои худро дар муайян кардани вақти бехатар баровардан ва интиқол додани намудҳои мушаххаси лавозимоти ҷангӣ, инчунин дар як вақт нобуд сохтани якчанд намуди лавозимоти ҷангӣ тавассути силсилаи дарсҳои назариявӣ ва машқҳои амалӣ бо таваҷҷӯҳ ба бехатарии безаргардонии маводи тарканда, маводи тарканда ва назарияи безараргардонии маводи тарканда, дастгоҳҳо ва намудҳои фуҷур, истифодаи детектори металлӣ, иктишофи лавозимоти ҷангии нотаркида, идоракунии майдони безараргардонӣ ва шарҳи пурраи вазифаҳоро такмил доданд.
Дар маросими пӯшидашавӣ дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводҳои тарканда дар Чимтеппа намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USARCENT) иштирок карданд.
Генерал-майор Миравар Хушвахт, Муовини аввали Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон «аҳамияти ташаббусҳои минтақавӣ дар мусоидат ба ҳамкориҳои байни ниҳодҳои низомӣ ва дастгирии дарозмуддати бунёди тавонмандиҳои миллӣ ва минтақавӣ барои коҳиш додани хатари лавозимоти нотаркида дар Осиёи Марказӣ»-ро таъкид кард.
Игор Кузьминич, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Шӯъбаи сиёсӣ ва низомии Дафтари барномаҳои САҲА гуфт, ки “ҳамоҳангсозии дарозмуддати техникии безараргардонии лавозимоти ҷангии нотаркида, баланд бардоштани иқтидори бисёрҷониба ва муколамаи сатҳи техникӣ ба дастгирии истифодаи дониш, маҳорату малакаҳо ва таҷрибаҳои пешқадами иштирокчиён дар коҳиш додани таҳдидҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ, ки аз омилҳои тарканда дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд меоянд мусоидат мекунад».
Мануэл Миколлер, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, САҲА ва ҳамкорони минтақавӣ ҷиҳати омӯзиши безараргардонии дастгоҳҳои тарканда, аз қабили минаҳо ва таъмини бехатарии ҳар як шахс кор мекунад. Ин намунаи беҳтарини ҳамкории мушаххаси низомиёни Осиёи Марказӣ аст».
Соня Станисавлевич, Роҳбари Лоиҳаи «Дафтари барномаҳои САҲА Ҳамкориҳои ҳамаҷониба оид ба безараргардонии маводи тарканда» “аҳамияти ҷомеаи байналмилалиро барои муваффақ шудани кӯшишҳои муштарак барои беҳтар намудани вазъи хатароти маводҳои таркандаи дар Осиёи Марказӣ” қайд кард.
Фаъолият дар доираи нақши васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар сафарбар намудани иштирокчиёни миллӣ ва байналмилалӣ, мусоидат ба муколамаи сиёсӣ оид ба доираи васеи масъалаҳои амниятӣ ва таҳияи платформаи амалиёти муштарак дар байни давлатҳои узви Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳадафи онҳо ноил шудан ба тағйироти дарозмуддат дар амалиёти минарӯбии башардӯстона мебошад.