САҲА баргузории нахустин Конфронси ҷумҳуриявии сатҳи баланд оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ кард
26 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ташкили нахустин Конфронси ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон мусоидат намуд. Чорабинӣ таҳти унвони «Муқовимат ба хариду фурӯши одамон: мушкилот ва назарҳо» дар маҷмӯъ 50 нафар ширкаткунандагонро, аз ҷумла намояндагони Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон ва ҳамчунин муҳаққиқон, намояндагони ҳукумат ва ташкилотҳои
ғайридавлатӣ ва байналмилалие, гирдиҳам овард, ки дар арсаи муқовимат ба хариду фурӯши одамон фаъолият мекунанд. Конфронс дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират ташкил карда шудааст.
Иштирокчиён чанд масъалаи марбут ба тамоюл ва мушкилоти имрӯзаи муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Муҳокима мавзӯъҳои марбут ба татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба хариду фурӯши одамон, такмили қонунгузорӣ дар бораи хариду фурӯши кӯдакон ва татбиқи принсипи ҷазо нагирифтани ҷабрдидагон, такмили таҷрибаи миллии бозравонии ҷабрдидагон дар парвандаҳои марбут ба хариду фурӯши одамон ва ҳамкории ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти дастгирии наҷотёфтагонро дар бар гирифт.
Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ва Раиси Комиссияи байниидоравӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни суханронии ифтитоҳии худ изҳор дошт, ки «хариду фурӯши одамон дар солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигарон кардааст». Вай ҳамчунин зикр кард, ки тавонмандии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо хариду фурӯши одамон таҳким ёфта, дар натиҷа, бо дастгирии шарикони иҷтимоӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, шумораи ҳодисаҳои ошкоршудаи хариду фурӯши одамон афзоиш ёфтааст.
Адриана Барилов, Мушовири Дафтари барномаҳои САҲА оид ба масоили баробарии гендерӣ ва муқовимат ба хариду фурӯши одамон зикр кард, ки конфронс «ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ имкон фароҳам овард, то ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон ва таъмин намудани хизматрасонии дастгирии ҷабрдидагон баррасӣ ва такмил диҳанд». Вай ҳамчунин ӯҳдадориҳои Дафтари барномаҳоро оид ба дастгирии кори муқовимат ба хариду фурӯши одамон, ҳифзи ҷабрдидагон ва ҳамкории байниидоравӣ ва байнидавлатӣ дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор таъкид намуд».
Чорабинии мазкур дар доираи кӯшишҳои Дафтари барномаҳо оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон барои солҳои 2022-2024 сурат гирифт. САҲА дастгирии Ҷуиҳурии Тоҷикистонро барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар доираи САҲА оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ҳама шаклҳои хариду фурӯши одамон идома медиҳад.