САҲА кӯшишҳои беҳтар кардани баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
12 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рафъи таассубҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баргузор намуд. Чорабинии аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент ташкил карда шуда дар шаҳри Душанбе баргузор шуда дар он 40 нафар (24 зану 16 мард) намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии нақшаҳо ва рафти ҳалли масъалаҳои марбут ба мусоидат ба баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва зӯроварӣ дар оила дар Стратегияи нави тасдиқшудаи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 ва Нақшаи чорабиниҳои он буд. Дар ҷаласа ҳамчунин тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҳлили универсалии даврӣ барои солҳои 2023-2026 баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот Фирӯза Нуруллозода ва намояндаи Прокуратураи генералӣ дар бораи ташаббусҳо дар самти такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи таассубҳои гендерӣ, ҳимояи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумот доданд. Иштирокчиён инчунин нусхаи ниҳоии тағйироту иловаҳо ба Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро баррасӣ карданд. Муҳокима ҳамчунин дар бораи нақше, ки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд бозанд ва роҳҳои дастгирии Ҳукумат дар ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба пешбурди баробарии гендерӣ, иштироки занон ва мубориза бо зӯроварии гендерӣ, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ баррасӣ шуданд.
Гурӯҳи корӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президент бо тавсияи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ бо мақсади такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон таъсис дода шудааст. Ин вохӯрӣ дар доираи пуштибонии доимии Дафтари барномаҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди САҲА оид ба таҳкими баробарии занон ва мардон, тавонмандсозии занон ва пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон анҷом дода шуд.