САҲА ба наҷотдиҳандагони тоҷик банақшагирӣ ва истифодаи қароргоҳҳои гурезагонро таълим медиҳад
24 сентябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) барои 20 нафар наҷотдиҳандагони тоҷик аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии дуҳафтаинаро ба анҷом расонд. Курси таълимии «Банақшагирӣ ва истифодабарии қароргоҳҳои гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ» дар деҳаи Золизари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (вилояти Хатлон) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳадафи курси мазкур аз баланд бардоштани донишу малакаҳои наҷотдиҳандагон дар соҳаи идоракунии қароргоҳҳои гурезагон иборат буд. Коршиносони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (ICRC); Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) ва Агентии Оғохон Ҳабитат (AKAH) иштирокчиёнро бо принсипҳои таъмини манзил ба гурезаҳо ва наҷотёфтагони офатҳои табиӣ дар қароргоҳ шинос карданд.
Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи САҲА оид ба босуботгардонии сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт. Ҳадафи лоиҳа таҳкими тавонмандии касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар манотиқи наздимарзӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ мебошад.