САҲА оид ба дастгирии ҳуқуқӣ ба наҷотёфтагон аз зӯроварӣ дар оила омӯзиш баргузор мекунад
Аз 25 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) барои ҳуқуқшиносони Марказҳои захиравии занони дастгиринамудаи САҲА (МЗЗ) ва мақомоти маҳаллӣ як курси таълимии панҷрӯза ташкил намуд. Ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он дар маҷмӯъ 23 ҳуқуқшинос аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳадафи ин курс омӯзонидани иштирокчиён оид ба тарзи расонидани машварати ҳуқуқӣ ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва шахсони мавриди хатари дучор шудан ба зӯроварӣ дар оила қарордошта буд.
Дар рафти курс иштирокчиён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо зӯроварӣ дар оила; асосҳо ва усулҳои муроҷиат ба судҳои байналмилалӣ; таҳқиқ ва таҳлили навовариҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омузиш ва таҳлили навовариҳои Кодекси манзилии Ҷумҳурии Точикистон шинос шудаанд. Мавзӯҳои дигари фаро гирифташуда омӯзиш ва таҳлили Аҳдномаи Истанбул; ошкоркунӣ (муайян кардани) навъҳои зӯроварии оилавӣ дар асоси ҳолатҳои воқеӣ (таҳлили парвандаҳои мураккаб) ва усулҳои пешниҳоди аризаҳо оид ба моликияти муштарак буданд. Иштирокчиён ба машқҳои амалӣ ва кори гурӯҳӣ машғул буданд, ки ин ба онҳо дар муҳокимаи масъалаҳо ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо кӯмак расонд.
«Ҷолибтарин қисми тренинг, ки ба ман писанд омад, ин таҳлили Кодексҳои гражданӣ ва манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Илова бар ин, оид ба парвандаҳои мураккаби шаҳрвандон корҳои амалӣ гузаронида шуданд», - гуфт Хуршеда Мӯъминзода, ҳуқуқшиноси МЗЗ «АСТИ» дар Хуҷанд.
Курсҳои таълимӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Марказҳои захиравии занони САҲА, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Норвегия, Олмон ва Андорра маблағгузорӣ мешаванд, амалӣ карда мешаванд. Омӯзиш дар доираи дастгирии доимии Дафтари барномаҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла тавассути беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии касбӣ ба наҷотёфтагон мебошад.