САҲА омӯзишро оид ба таҳлили иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ доир менамояд
Аз 18 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) курси дуҳафтаинаи таълимиро оид ба таҳлили иттилоот ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар сарҳадбонӣ баргузор намуд. Дар курси таълимие, ки дар маркази таълимии “Пойтахт”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, 20 афсари воҳидҳои таҳлилии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Ҳадафи омӯзиш такмили низоми иттилоотӣ ва дастгирии таҳлилии фаъолияти ҷузъу томҳои фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ буд. Коршиносони байналмиллалӣ ва маҳаллӣ оид ба принсипҳо ва усулҳои таҳлили иттилоот дар сарҳадбонӣ омӯзиш гузарониданд.
Таҳлили иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ саҳми муҳим ба системаи самараноки ҳифзи сарҳадот мебошанд. Омӯзиш дар доираи талошҳои чандсолаи Дафтари барномаҳо дар самти дастгирии иқтидори сарҳадбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.