САҲА сафари табодули таҷриба барои мақомоти сарҳадбони Тоҷикистон ба Туркманистонро ташкил кард
Аз 24 то 28 июли соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) сафари панҷрӯзаи табодули таҷрибаро ба шаҳри Ашқободи Туркманистон барои мақомоти сарҳадбони Тоҷикистон барои омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҳамкориҳои наздисарҳадӣ анҷом дод.
Дар сафар 7 нафар аз мақомоти сарҳадӣ ва Дафтари барномаҳо (6 мард ва 1 зан) ширкат варзиданд. Иштирокчиён ба мақомоти зерини сарҳадӣ ташриф оварда бо нақш ва вазифаҳои онҳо дар таъмини амнияти сарҳадӣ шинос шуданд: Хадамоти давлатии сарҳадии Туркманистон, Донишкадаи Хадамоти давлатии сарҳадӣ, Хадамоти давлатии муҳоҷирати Туркманистон, Фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод, Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон, Терминали байналмилалии гумрук ва Маркази таълимии Хадамоти давлатии гумрук ва гузаргоҳи сарҳадии «Ҳаудан»-и Туркманистону Эрон.
Иштирокчиён тавонистанд бо таҷрибаи ҳамтоёни туркмании худ ошно шаванд ва платформаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар мавзӯъҳои марбут ба сарҳадро бунёд кунанд. Онҳо инчунин усули татбиқи стратегияи идоракунии сарҳади Туркманистонро омӯхтанд.
Боздиди табодули таҷриба бахше аз талошҳои чандсолаи Дафтари барномаҳо барои дастгирии иқтидори марзбонии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам дар минтақа мебошад.