САҲА барои наҷотдиҳандагони тоҷик таълими наҷотдиҳӣ дар шароити кӯҳистонро ташкил кард
5 августи соли 2023 бист нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии доирнамудаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон (Дафтари барномаҳо) дар мавзӯи «Амалиёти кӯҳнавардӣ-наҷотдиҳӣ дар шароити кӯҳистон» дар ноҳияи Варзобро хатм намуданд.
Курси дуҳафтаина ба баланд бардоштани малака ва тавонмандии наҷотдиҳандагон дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар шароити кӯҳистон ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон нигаронида шудааст. Мавзӯъҳо кор бо таҷҳизоти кӯҳнавардӣ, хусусиятҳои техникии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ/алпӣ, таъмини бехатарӣ дар шароити кӯҳистон, техникаи борбардорӣ ва кӯҳнавардии озодро дар бар мегирифтанд. Иштирокчиён инчунин дар бораи навъҳои гуногуни гиреҳҳо, рельефи кӯҳӣ ва омилҳои баландкӯҳӣ, хусусиятҳои бемории баландӣ ва ҳаракат дар нишебиҳои сералаф ва мавзеъҳои барфӣ маълумот гирифтанд.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Дафтар оид ба босуботгардонии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт. Ҳадафи лоиҳа таҳкими тавонмандии касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оид ба мубориза бо фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар манотиқи наздимарзӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ мебошад.