САҲА мактаби тобистонаи рушди малакаҳои роҳбариро барои ҷавонзанони тоҷик доир намуд
Аз 21 то 25 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар истироҳатгоҳи Баҳористони вилояти Суғд Мактаби тобистона оид ба баробарии гендерӣ ва рушди малакаҳои роҳбариро баргузор намуд. Дар чорабинӣ 26 ҷавонзанон, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва ҳафт ҳизби ба қайд гирифташуда пешбарӣ шудаанд, гирди ҳам омаданд.
Мавзӯъҳои баҳс аз консепсияҳои баробарии гендерӣ ва роҳбарӣ то чаҳорчӯби қонунии миллӣ ва байналмилалӣ оид ба васеъ намудани имконоти занон иборат буданд. Се нафар аъзои Альянси занони парлумон бо ҷавонзанон сӯҳбатҳо гузаронида, аз таҷрибаи пешқадами худ оид ба ворид шудан ва иштирок дар сиёсат мубодила карданд.
«Ин як аксиомаи маъмулист, ки оила ва ҷомеа дар ташаккули шахсият ва рушди минбаъдаи шахсият нақши ҳалкунанда мебозанд. Дар ин замина, Алянси занони парлумон, ки як гурӯҳи занони вакилро дар сатҳи олии қонунгузорӣ дар бар мегирад, ҳама ташаббусҳои қонунгузориро нисбати занон ҷонибдорӣ мекунад», - иброз дошт Сурайё Дӯстмуродзода, муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молия, узви Алянси занони парлумон.
Дафтар аз соли 2017 инҷониб ин мактаби тобистонаи ҷавононро дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мекунад. Дафтар дастгирии талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими баробарии гендерӣ ва мусоидат ба иштироки баробари занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ идома медиҳад.